Оятуллоҳ Аърофӣ кист?

Таҳлили хабарӣ

Оятуллоҳ Аърофӣ кист?

Байналмилал

Бар асоси гузориши расонаҳо, Оятуллоҳ Аърофӣ ба унвони узви Шӯрои муваққати раҳбарӣ то интихоби раҳбари баъдии Ҷ.И.Эрон интихоб шудааст. Шӯрои муваққати раҳбарӣ тибқи Қонуни асосӣ, аз се нафар муташаккиланд: узви фақеҳи Шӯрои нигаҳбон (Оятуллоҳ Аърофӣ), раисиҷумҳур (Пизишкиён) ва раиси қувваи қазоия (Эжаӣ).

Аммо Оятуллоҳ Аърофӣ кист?

Алиризо Аърофӣ (зодаи 1959) фақеҳ ва мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон ва узви фуқаҳои Шӯрои нигаҳбон, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум аст. Вай раиси собиқи Ҷомеъатул Мустафо ва имомҷумъаи кунунии шаҳри Қум аст.

Аърофӣ пас аз гузарондани таҳсилоти ибтидоӣ ва дабиристон, вориди шаҳри Қум шуд ва дар он ҷо таҳсил кард. Ӯ аз шогирдони Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ҷаводуии Омулӣ ва Мисбоҳи Яздӣ аст.

Аърофӣ солҳо ба тадриси дурусе ҳамчун фиқҳу усул ва фалсафаи исломӣ дар ҳавза ва донишгоҳ иштиғол доштааст. Ӯ аз фалосифаи синавӣ ва садроӣ аст.

Масъулиятҳои вай иборат буданд аз:

Узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ;

Узви фуқаҳои Шӯрои нигаҳбон;

Мудирияти ҳавзаҳои илмияи кишвар;

Раиси Ҷомеатул Мустафо;

Узви Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум;

Имомҷумъаи шаҳри Қум;

Узви Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ;

Риёсати пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ ва ғайра…

Осор:

Фиқҳи тарбиятӣ (29 ҷилд);

Макосиби муҳаррама (тақрироти дарси хориҷи фиқҳ дар 15 ҷилд);

Баррасии фиқҳии фалсафаварзӣ ва фалсафаомӯзӣ;

Қавоиди фиқҳӣ;

Даромаде бар иҷтиҳоди тамаддунсоз;

Қаламрави дин ва густараи шариъат;

Иҷтиҳод ва тақлид (4 ҷилд) ва ғайра…

(Тобнок)

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сипоҳ: Нови ҳавопаймобари Abraham Lincoln-ро бо 4 мушаки болистик ҳадаф қарор додем
Шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ

Матолиби пурбоздид