Оятуллоҳ Хоманаӣ: Душман аз тасарруфи низомӣ ноумед шуда ва ҷангро расонаӣ кардааст

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Душман аз тасарруфи низомӣ ноумед шуда ва ҷангро расонаӣ кардааст

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории Форс

Ба муносибати милоди пурбаракати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҷамъе аз маддоҳони аҳли байт (а) дидор ва гуфтугӯ кард. Вай бо табрики вилодати ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира (а) гуфт: “Мардуми Эрон бо муқовимати миллӣ, талошҳои бодавоми душман барои тағйири ҳувияти динӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин миллатро ноком гузоштаанд ва имрӯз низ зимни зарурати ороиш ёфтани саҳеҳи дифоӣ ва ҳуҷумӣ дар муқобили фаъолияти таблиғотӣ ва расонаии душман барои ҳамла ба мағзҳо, дилҳо ва боварҳо, Эрони азиз бо вуҷуди мушкилот ва камбудҳои мавҷуд дар саросари кишвар, ба ҳаракати рӯ ба ҷилави худ идома медиҳад.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо гиромидошти ҳамзамонии вилодати Имом Хумайнӣ (р) бо милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), фазоил ва маноқиби бонуи ду оламро фаротар аз фаҳму дарки башар хонд ва афзуд: “Бо ин ҳама, бояд фотимӣ буд ва аз он бонуи усва дар ҳамаи ҷиҳот аз ҷумла диндорӣ, адолатхоҳӣ, ҷиҳоди табйин, ҳамсардорӣ, фарзандпарварӣ ва дигар заминаҳо пайравӣ кард.”

Вай маддоҳиро падидае бисёр таъсиргузор баршумурд ва афзуд: “Лозим аст бо таҳқиқу пажӯҳиш, ба умқёбӣ, осебшиносӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои тақвият ва такомули абъоди мухталифи ин падидаи ҳайратангез пардохт.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳаракати рӯ ба ҷилави маддоҳӣ нисбат ба гузашта, маддоҳиро аз пойгоҳҳои адабиёти муқовимат хонд ва афзуд: “Ҳар фикре ва амре дар сурати надоштани адабиёти мутаносиб, ба тадриҷ аз байн меравад ва маддоҳӣ ва ҳайат, имрӯз бо тадвин, густариш ва интиқоли адабиёти муқовимат, ин зарурати бисёр асосиро тақвият мекунад.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, муқовимати миллиро тобоварӣ ва истодагӣ дар муқобили анвоъи фишорҳои султагарон таъриф кард ва афзуд: “Гоҳе фишор, низомӣ аст – монанди он чи миллат дар дифоъи муқаддас дид ва дар моҳҳои гузашта навҷавонон ва ҷавонон ҳам мушоҳида карданд – ва гоҳе ҳам фишори иқтисодӣ ё расонаӣ ва фарҳангӣ ва сиёсӣ аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, ҳучигарӣ ва ҷавсозии авомили расонаӣ ва мақомоти сиёсӣ-низомии Ғарбро нишонаи фишори таблиғии душман хонд ва гуфт: “Ҳадафи фишорҳои мухталифи низоми султа бар миллатҳо ва дар раъси онҳо миллати Эрон, гоҳе тавсиаталабии сарзаминӣ аст, монанди он чи имрӯз давлати Омрико дар Омрикои Лотин анҷом медиҳад.”

Вай афзуд: “Гоҳе низ тасаллут бар манобеи зеризаминӣ ҳадаф аст ва бархе мавоқеъ ҳам тағйири сабки зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, тағйири ҳувиятӣ, ҳадафи аслии фишорҳои султагарон аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба қидмати беш аз садсолаи талошҳои зӯргӯёни ҷаҳонӣ барои тағйири ҳувияти динӣ, таърихӣ ва фарҳангии миллати Эрон, гуфт: “Инқилоби Исломӣ ҳамаи он корҳоро бенатиҷа гузошт ва дар даҳаҳои ахир низ, миллат бо таслимнопазирӣ ва истодагӣ ва пойдорӣ дар муқобили идомаи фишорҳои густардаи душманонаш, онҳоро ноком кардааст.”

Вай густариши мафҳум ва адабиёти муқовимат аз Эрон ба кишварҳои минтақа ва бархе кишварҳои дигарро як воқеият хонд ва афзуд: “Бархе корҳое, ки душман бо Эрон ва миллати Эрон кард, бо ҳар кишвари дигаре мекард, он миллат ва кишвар “кун фа якун” мешуданд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба таъсири зайнабии маддоҳӣ дар мондагор шудани ёди шаҳидон ва таъмиқ ва густариши мафҳуми муқовимат дар кишвар, гуфт: “Имрӯз фаротар аз даргирии низомӣ, ки шоҳидаш будем, дар конуни як ҷанги таблиғотӣ ва расонаӣ бо ҷабҳаи васеъи душман қарор дорем; чаро ки душман фаҳмидааст, ин мулку хоку сарзамини илоҳӣ ва маънавӣ, бо фишори низомӣ таслим ва тасарруф намешавад.”

Вай афзуд: “Албата бархе мураттаб эҳтимоли такрори даргирии низомиро матраҳ мекунанд ва баъзе ҳам омидона (қасдан) дар ин мавзӯъ медаманд, то мардумро дил ба шак нигаҳ доранд ва дилҳура эҷод кунанд, ки иншоаллоҳ муваффақ ҳам намешаванд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хатту хатар ва ҳадафи душманро маҳви осор, аҳдоф ва мафоҳими Инқилоб ва фаромӯш шудани ёди Имом Хумайнӣ (р) донист ва афзуд: “Омрико дар маркази ин ҷабҳаи васеъ ва фаъол қарор дорад, бархе кишварҳои урупоӣ дар атрофи ӯ ҳастанд ва муздурону хоинҳо ва беватанҳое ҳам, ки дар Урупо талош мекунанд ба нону навое бирасанд, дар ҳошияи ин ҷабҳа қарор доранд.”

Вай шинохти аҳдоф ва ороиши душманро зарурӣ баршумурд ва гуфт: “Монанди ҷабҳаи низомӣ, дар ин даргирии таблиғотӣ ва расонаӣ низ бояд ороиши худро мутаносиби назм ва тарҳ ва ҳадафи душман таъриф ва бар нуқоте мутамаркиз шавем, ки ӯ ҳадаф гирифтааст, яъне маорифи исломӣ, шиъӣ ва инқилобӣ.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, истодагӣ дар муқобили ҷанги таблиғотӣ ва расонаии Ғарбро душвор, аммо комилан мумкин донист ва гуфт: “Дар ин масир, маддоҳон, ҳайатҳоро ба конуни пайбандӣ ба арзишҳои Инқилоб табдил кунанд ва бо қадрдонӣ аз иқболи насли ҷавон ба маддоҳӣ ва ҳайат, ин насли азизро дар муқобили аҳдофи душмани лаҷуҷу хабис ва дорои имконот, масун намоянд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон суханонашонро бо чанд тавсия ба маддоҳон такмил кард: табйини маорифи динӣ ва маорифи муборизотӣ бо такя ва истинод ба зиндагии ҳамаи имомон (а), ҳамла ба нуқоти заъфи душман ба мувозоти дифоъи муассир дар муқобили шубҳаофариниҳои ӯ, табйини мафоҳими қуръонӣ дар арсаҳои мухталифи шахсӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва чигунагии рӯёрӯӣ бо душман, аз муҳимтарин ин тавсияҳо буд.

Вай таъсири як навҳаи хушсохту хушмазмунро гоҳе бештар аз чанд минбар ва суханронӣ хонд ва гуфт: “Маддоҳон муроқиб бошанд оҳангҳо ва фарҳанги даврони тоғут дар маҷолису маҳофили онҳо роҳ пайдо накунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поёни суханонаш бо ишора ба суханони яке аз маддоҳон дар бораи мушкили гарду ғубори Хузистон гуфт: “Ин, аз ҷумлаи кучактарин мушкилот аст ва камбудҳо ва мушкилот дар саросари кишвар зиёд аст, аммо миллат рӯз ба рӯз бо истодагӣ, сидқу сафо ва хайрхоҳӣ ва адолатхоҳӣ, барои ислому Эрон обрӯ ва қудрат эҷод мекунад ва ба тавфиқи илоҳӣ, кишвар дар ҳоли ҳаракат, талош ва пешрафт аст.”

Дар ибтидои ин дидор шуморе аз маддоҳони аҳли байт (а) ба шеърхонӣ ва мадеҳасароӣ пардохтанд.

Farsnews

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абёте аз Мавлоно
Аҳмади Дониш – саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Марказӣ

Матолиби пурбоздид