Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Кори бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза аз ҷинси азм, ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Кори бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза аз ҷинси азм, ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд”

Байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, (чаҳоршанбе) дар дидор бо масъулони қувваи қазоияи ин кишвар, вз ҷумла гуфт: “Кори бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза аз ҷинси азм, ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд, чаро ки нафси вуҷуди руҳия ва омодагии муқобила бо қудрате ҳамчун Омрико ва саги занҷирии он, режими саҳюнистӣ, бисёр арзишманд аст.”

Вай бо ишора ба хотироти мунташиршуда аз авомили режими паҳлавӣ, ки ҳатто дар хафо ва ҷаласоти хусусӣ низ ҷуръати эътироз ба Омрикоро надоштанд, хотирнишон кард: “Эрон аз он даврон, ба ҷойе расидааст, ки на танҳо аз Омрико наметарсад, балки онро метарсонад ва ин руҳия ва иродаи миллӣ ҳамон чизе аст, ки Эронро сарбаланд мекунад ва ба орзуҳои бузурги худ мерасонад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳам дӯстон ва ҳам душманон бидонанд, миллати Эрон дар ҳеч майдоне ба сурати тарафи заиф ҳозир нахоҳад шуд, афзуд: “Мо аз ҳама абзорҳои лозим ҳамчун мантиқ ва нерӯи низомӣ бархӯрдорем, бинобар ин чӣ дар майдони диплумосӣ ва чӣ дар майдони низомӣ, ҳар гоҳ ворид шавем, ба тавфиқи илоҳӣ бо дасти пур ворид хоҳем шуд.”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

СММ ҳамлаи Исроил ба Сурияро маҳкум кард
Сирояти фитнаи Сувайдо ба кишварҳои минтақа

Матолиби пурбоздид