Оё ғарб мутамаддин аст?

Оё ғарб мутамаддин аст?

Милоку меъёри тамаддуни ғарбӣ чист?

Мабоҳисе перомуни тамаддун

Имрӯза ҳамаи мо кишварҳои ғарбиро ба унвони кишварҳои мутамаддин мешиносем. Алабатта ин матлаб дуруст аст ва ҳақиқатан ҳам ғарбиён дар бархе ва беҳтар бигӯем, дар бисёре аз масоил ба тамаддун ва пешрафт расидаанд. Аз назари текнулужӣ, аз назари қонунмадорӣ, хадамоти иҷтимоӣ, баробарӣ, махсусан дар имлу санъат ва ғайра воқеан ба пешрафтҳои чашмгире расидаанд, ба қаъри уқёнусҳо мераванд, ба кайҳон ва фазо сафарҳо мекунанду таҳқиқоти илмии арзишманде анҷом медиҳанд… аммо савол ин аст, ки оё мо метавонем ба ғарбиён мутамаддин бигӯем ё на?

Агар бале, тамаддунро чӣ гуна таъриф кардем?

Аз назари бархе коршиносон ва таҳлилгарони муосир, осори тамаддун ҳануз дар ғарб мушоҳида намешавад. Назари онҳо дар робита ба тамаддуни ғарбӣ ин аст, ки мегӯянд, агар ғарб мутамаддин аст, ин чӣ гуна тамаддунест, ки худашон бемориҳоро ба вуҷуд меоранд ва мардумонро ба он мубтало мекунанд ва мекушанд, ин чӣ тамаддунест, ба тамоми кишварҳо бо номи наҷотбахшӣ ва армуғоновари демукросӣ ҳамлаҳо мекунанд, ин чӣ тамадунест, ки мардуми Афғонистонро беш аз чиҳил сол ба ҷангу хунрезӣ ва бародаркушӣ мубтало намудаанд, ин чӣ тамадунест, ки гуруҳҳои террористиро (ба эътирофи худашон) онҳо ба вуҷуд меоваранд, ин чӣ тамадунест, ки ба номи ҳуқуқи башар, ба нобудии башар даст мезананд, ин чӣ тамадунест, ки издивоҷ бо маҳорим, бо ҳамҷинс ва ҳатто бо ҳайвонот ба худ шакли қонунӣ мегирад ва қонун аз онҳо, дар баробари конуни гарму самимии хонавода ва сабки зиндагии солим, ҳимоят мекунад…

Ин чӣ тамаддунест, ки фақат лаззатгароиро тарғиб мекунад ва ҳеч таваҷҷуҳе ба маънивият ва ба буъди маъанавии инсон надорад?

Ин чӣ тамаддунест, ки барои пешрафтҳои моддии хеш, ба ҳеч касу ҳеч чиз раҳм намекунанд, на ба кишварҳои дигар ва на ба инсонҳои дигар?!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бахмут – яке аз шаҳрҳои муҳимми Украина дар тасарруфи Русия
Сайёд

Матолиби пурбоздид