Оё Ҳамос бар Исроил пирӯз хоҳад шуд?

Таҳлили хабарӣ
Оё Ҳамос бар Исроил пирӯз хоҳад шуд?
Оё медонед, барои чӣ кишварҳои ҷаҳон ба хусус ғарбӣ ва ҳатто мутаассифона арабӣ, дар баробари ҷиноятҳои бесобиқаи Исроил дар ҳаққи фаластиниҳо сокиту хомӯшанд?! Баъзеҳошон ба даҳан чизҳое мегӯянд, аммо амалан сокитанд. Медонед, сабабаш чист? Ҳоло арз мекунам.
Мақомоти ин кишварҳо ҳамагӣ мутмаин ҳастанд, ки шӯълаи ин моҷаро ба зудӣ, бо саркӯби шадиди Ҳамос аз сӯйи Исроил, хомӯш хоҳад шуд ва ин кишварҳо – Омрико, Иттиҳодияи Урупо, кишварҳои арабӣ ва ғайра – ба бозсозии Ғазза мепардозанд ва бо ҳамин, ҳама чиз фаромӯш хоҳад шуд. Инҳо, мунтазири ҳамин соатанд; мунтазири ин ҳастанд, ки артиши Исроил эълом кунад, Синвор масалан кушта шуд, сухангӯи Ҳамос ба қатл расид, гурдонҳои Қассом аз ҳам пошид (ки дигар Ҳамосе нахоҳад буд) ва ҳамчунин Ҷиҳоди Исломӣ низ аз сафҳаи рӯзгор маҳв хоҳад шуд. Инҳо мунтазири ҳамин соат ҳастанд, барои он лаҳзашуморӣ мекунанд ва аз дарун таманно мекунанд, ки ҳар чи зудтар Исроил корро тамом кунад!
На танҳо мақомоти ин кишварҳо, ки ҳатто мутаассифона бисёре аз рӯзноманигорон ва “зиёиҳо” ва касоне, ки пеш аз ин ҳамвора дам аз инсоният ва ҳуқуқи башар мезаданд ва 24 соат гӯшҳоро бо ин чизҳо пур мекарданд низ мунтазиранд, ҳар чи зудтар Исроил корро тамом кунад, то инҳо дигар аз хиҷолат дарбиёянд, берун биёянд, чун медонанд, сукуташон обрӯи онҳоро дар ҳоли бурдан аст, аз ин рӯ таманно мекунанд, ки ҳар чи зудтар шӯълаи ин моҷаро хомӯш шавад ва инҳо сукуташонро шикананд.
Вале як чиз ҳаст, ки зоҳиран инҳо ҳанӯз ба он огоҳӣ пайдо накардаанд ва мутаваҷҷеҳаш нестанд. Ва он ин ки: Ҳамос – ва дар канораш, Меҳвари Муқовамат яъне Ҷиҳоди Исломӣ, Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҳашд ва дар раъсашон Ҷ И Эрон – ҷанги имрӯз ва набарди имрӯз барои инҳо, мисли набардҳои пешин нест, ки зуд шӯълааш хомӯш шавад ва ҳар ҷиҳате аз ҷумла Ҳамос ва Ҷиҳод масалан, эълон кунанд, ки мо пирӯзем ва бо ҳамин кор тамом шавад! На. Моҷаро дар ин навбат, ба ин соддагӣ нест. Ҳатто дидам, таҳлигарони бузург низ аз таҳлилҳояшон чунин бардошт мешавад, ки онҳо низ гумон мекунанд, ба зудӣ ҳама чиз бо ҳамин вазъ поён мепазирад.
Дар ҳоле, ки ин дафъа, кор яксара хоҳад шуд. Бале, шояд вақфае эҷод шавад ва яке ду сол бо музокарот майдон ором шавад, вале то он замон, ки кор яксара нашавад, яъне то замоне, ки режими Исроил аз байн наравад (мисли режими опортойд), шӯълаи ин ҷанг – ки Ҳамос дар 7 октябри 2023 шурӯъ кардааст – хомӯш нахоҳад шуд. Яъне то пирӯзии ниҳоӣ.
Дар ин масъала, Меҳвари Муқовамат хусусан Ҷ И Эрон, Ҳизбуллоҳ ва Ансоруллоҳ – агар ба мавозеъи онҳо аз рӯзи аввали моҷаро таваҷҷӯҳ ва диққат карда бошед – ҷиддӣ ҳастанд, таъоруф намекунанд, бо касе шӯхӣ надоранд. Ҳоло барои исботи ин муддаъо, ба яке ду мавзеъи онҳо ишора мекунам:
1) Ин ки Ҳизбуллоҳ бе он ки эълом кунад вориди маърака шудааст, аммо ба тадриҷ арсаро барои Исроил танг кунад ва падари Исроилро ба истилоҳ, дарбиёварад, ин кор бе як тарҳ ва барнома нест. Такрор мекунам, ҳанӯз Ҳизбуллоҳ эълом накардааст, ки вориди маърака шудааст. Имрӯзҳо, ба эътирофи саҳюнистҳо, шимоли Исроил куллан холӣ шудааст, марзи Исроил бо Лубнон тибқи гузориши зиндаи хабарнигорон, холии холӣ аст, ҳама фирор кардаанд. Ҳизбуллоҳ ҳам, бо эҳсосот ва отифа пеш намеравад, коре ба интиқодҳои ину он, хусусан чандто ваҳҳобии бешуъур надорад, ки чаро вориди маърака нашудааст, балки бо сабр ва ҳавсалаи лозим корашро дунбол мекунад.
2) Мавзеъи Ансоруллоҳи Яман низ дар ин миён қобили таваҷҷӯҳ аст. Ту биёӣ ва киштиеро, ки аз они исроилиҳост тавқиф кунӣ, ин кор паёмадҳои хатарноке дорад, шояд фардо чандто кишвари ба истилоҳ “абарқудрат” садояшон дарбиёяд ва мавзеъ гиранд. Хуб, оё Ансоруллоҳ ва куллан Меҳвари Муқовамат, инро намедонист? Хеле хуб медонист, вале дар ин навбат масъала ҷиддист, зоҳиран инҳо мехоҳанд корро яксара кунанд.
3) Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудс – ки ҷонишини шаҳид Қосими Сулаймонӣ аст – усулан одаме нест, ки зиёд дар расонаҳо дида шавад ва зиёд ҳарф занад. Ӯ хеле ба нудрат ҳарф мезанад. Чизе ҳам, ки мегӯяд, агар фақат шиор бошад, аслан намегӯяд, ӯ ҳарферо ба забон меоварад, ки ба дунболи иҷрои он аст. Чанд рӯз пеш, Қоонӣ номае ба Муҳаммад Зайф, фармондеҳи Қассом навишт, ки дар расонаҳо мунташир шуд. Ҳоло қисматҳое аз он номаро инҷо меоварам, то хуб дар онҳо тааммул кунед ва бибинед, ин мард чӣ мехоҳад бигӯяд. Нома хитоб ба Муҳаммад Зайф аст:
“Итминон дошта бошед, ки мо, бародаронатон дар Сипоҳи Қудс ва Меҳвари Муқовамат, ки бо шумо муттаҳид ҳастем, иҷоза нахоҳем дод, ки душман ва ҳомиёнаш Ғазза ва мардуми онро дар як гӯша таҳти фишор қарор диҳанд. Мо, бародарони шумо, дар Сипоҳи Қудс ва Меҳвари Муқовамат, ки бо шумо муттаҳид ҳастем, намегузорем душман ба аҳдофи касифи худ дар сатҳи Ғазза ва Фаластин даст ёбад.”
Фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳ ҳамчунин хитоб ба фармондеҳи гурдонҳои Қассом таъкид мекунад: “Мо ба шумо итминон медиҳем, ки ба унвони бахше аз ҳифозат ва ҳимояти муассир ва мустамар аз муқовамат, ҳар кореро, ки бояд дар ин набарди таърихӣ анҷом диҳем, анҷом хоҳем дод.”
4) Паёми ахири Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ қобили таваҷҷӯҳ аст, ки миқдоре аз онро меоварам:
“Муқовамат ба пойдорӣ ва субот идома медиҳад ва мо даргири набарди роҳбурдӣ (стратегӣ) ҳастем, ки танҳо гузинаи мо дар он, пирӯзӣ аст”.
Вай, бо баёни ин ки агар душман хоҳони набарди тӯлонимуддат аст, мо омодаи он ҳастем, изҳор медорад: “Душман аз сарзаминҳои мо ақиб ронда шуда ва танҳо шикаст насибаш хоҳад шуд”.
“Ҳамаи нақшаҳои душман нақши бар об хоҳад шуд ва ҳеч кадом аз аҳдофаш ё бозпасгирии асирон ҷуз бо ҳазинае, ки муқовамат онро таъйин мекунад, таҳаққуқ нахоҳад ёфт”.
5) Ва аз ҳама муҳим, мавозеъи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ И Эрон аст, ки бо як итминон комил мегӯяд, ки иншоаллоҳ Ҳамос пирӯз хоҳад шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин набард, дақиқан ҳамон мавзеъеро гирифтааст, ки дар оғози ҷанги Яман гирифта буд. Дар оғози ҷанги Яман, ки Арабистони Саудӣ бо ташкили эътилофе аз тақрибан 50 кишвари дунё, гуфта буд, фақат зарфи се чаҳор ҳафта Ансоруллоҳро тору мор хорҳад кард, вале дар ҳамон айём, раҳбари Ҷ И Эрон бо итминон комил гуфт, ки Ансоруллоҳ пирӯз хоҳад шуд ва “бинии Оли Саудро ба замин хоҳад молид”. Бисёреҳо дар он айём гумон карданд, ин ҳарфҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ шиор аст, вале воқеият чизи дигар шуд, Ансоруллоҳ воқеан бинии Оли Саудро ба замин молид.
Ва ё дар ибтидои ҷанги Сурия, ки тамоми дунё, бале тамоми дунё било истисно ба саркардагии Омрико, алайҳи ҳукумати Сурия тавтиа карда буданд ва ҳатто кишварҳои ба истилоҳ исломӣ гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ” барои нобуд кардани давлати Сурия ташкил карда ва ҳамаҷониба кӯмакаш мекарданд ва кор ба ҷойе расид, ки онҳо то қасри риёсати ҷумҳурии Сурия расида буданд, вале Оятуллоҳ Хоманаӣ бо итминони комил гуфт, Сурия пирӯз хоҳад шуд ва пирӯз шуд.
Хулоса, ин дафъа кор яксара хоҳад шуд ва ҳамон тавре ки пештар гуфта будам, ҳамагӣ дар Байтулмуқаддас иншоаллоҳ намоз хоҳем хонд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хохоми яҳудӣ: «Замони поёни умри Исроил наздик аст»
 Ифшои иттилооти пойгоҳи низомии Амрико дар Юнон

Матолиби пурбоздид