Паёми нерӯҳои артиши Яман
Паёми нерӯҳои артиши Яман хитоб ба Сайид Бадруддин Ҳусӣ
Ахбори байналмилал
Муҷоҳидони яманӣ дар паёме мактуб, бо раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Сайид Бадруддин Ҳусӣ, дар бораи идомаи ҷиҳод дар роҳи Худо ва муқобала бо туғёнгарон ва мустакаббирон таҷдиди байъат карданд.
Муҷоҳидони яманӣ дар паёми худ хитоб ба раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳ ва миллати Яман зимни таъкид бар вафои ба аҳд ва дифоъ аз миллати сабури Яман ва миллатҳои мустазъаф ва ситамдида, эълом карданд: “Дар масири набарди мавъуд ва ҷиҳоди муқаддас, бо Худованд ва шумо, бори дигар аҳд мебандем, ки шамшере дар дастони шумо бошем ва бар сари золимон ва мустакбирон фуруд ойем ва намояндагони меҳру лутфи Худованд бар сари бандагони мустазъафаш бошем. Аҳд мебандем, ки бо разм ва рашодати худ, шоҳиде бар неъмати вофири Худованд ва фазлу эҳсони ҷамили ӯ миёни бандагони мӯъмин ва мазлуми Худо бошем. Мо бо миллати мӯъмин ва муҷоҳиди Яман паймони вафодорӣ мебандем.”
Қаламонлайн