Раиси пешини бахши амалиёти Мусод: “Ҳизбуллоҳ табдил ба таҳдиде шуда, ки тасаввури онро намекардем”

 

Раиси пешини бахши амалиёти Мусод: “Ҳизбуллоҳ табдил ба таҳдиде шуда, ки тасаввури онро намекардем”

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Раиси пешини бахши иттилоот ва амалиёт дар Созмони ҷосусии Исроил (Мусод), ба қудрати Ҳизбуллоҳ эътироф карда ва гуфт, ки нерӯи ҳавоии ин режим дигар дар ҳарими ҳавоии Лубнон озодии амал надорад.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Ҳаим Томер, раиси пешини бахши иттилоот ва амалиёт дар Мусод, дар изҳороте гуфт, ки ҳамлаи густарда алайҳи Лубнон дар ин замон ва баъд аз ҳашт моҳи ҷанг дар Ғазза, хатари бузург барои режими ишғолгар дар ростои идомаи кори худ ба унвони давлат аст.

Тибқи ин гузориш, вай таъкид кард: “Ҳизбуллоҳ таҳдидоте ба вуҷуд овардааст, ки тасаввури онро намекардем ва артиши Исроил ҳеч посухе барои он надорад.”

Томер хотирнишон кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин режим дигар дар ҳарими ҳавоии Лубнон озодии амал надорад.

Вай таъкид кард: “Агар ҷанге рух диҳад, мушакҳои Ҳизбуллоҳ Исроил аз ҷумла фурудгоҳҳои Бен Гурён ва Ҳифоро фалаҷ хоҳанд кард. Ҷанги густарда боис мешавад, ки сарнавишти Акко, Ҳифо, Табариё ва чи басо Телавив, ҳамонанди сарнавишти Кирёт-Шмона рақам бихӯрад. Ҳизбуллоҳ мушакҳои нуқтазан дар ихтиёр дорад, ки тайи чанд сония метавонанд чоҳҳои гози Исроилро мунфаҷир кунанд.”

Ин мақоми собиқи Мусод афзуд: “Бо таваҷҷӯҳ ба сомонаҳои шиносоӣ, ки Эрон ба Ҳизбуллоҳ додааст, нерӯи ҳавоии Исроил дигар наметавонад дар осмони Лубнон озодии амал дошта бошад. Мо дар як дуроҳии таърихӣ ва сарнавиштсоз қарор дорем ва бояд пешниҳоди Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрикоро қабул кунем.”

Гуфтанист, ахиран Навоф ал-Мусавӣ, яке аз раҳбарони Ҳизбуллоҳ гуфт: “Режими ишғолгари Исроил дар зарродхонаи худ силоҳеро, ки барои ҷанг бо Лубнон ба он ниёз дорад, дар ихтиёр надорад. Режими ишғолгар барои ҷанг алайҳи Лубнон ниёз ба силоҳҳои Вошингтун дорад. Ҷанги оянда бо Исроил, ҷанги поёнӣ хоҳад буд ва баъд аз ҳар гуна ҷанге бо Лубнон, минтақа дигар мисли қабл нахоҳад буд.”

Aljazeera

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна хашму асабонияти кӯдаконро мудирият кунем?
Марди фақир ва ганҷнома

Матолиби пурбоздид