Савти Қуръон
Достонҳои омӯзанда
Ибни Масъуд (р), яке аз нависандагони ваҳй буд, яъне аз касоне буд, ки ҳар чӣ аз Қуръон нозил мешуд, мураттаб менавишт ва забт мекард ва чизе фурӯгузор намекард.
Як рӯз Расули Акрам ба ӯ фармуд:
— Миқдоре Қуръон бихон, то ман гӯш кунам.
Ибни Масъуд мусҳафи хешро боз кард, сураи муборакаи Нисо омад, ӯ мехонд ва Расули Акрам бо диққат ва таваҷҷӯҳ гӯш мекард, то расид ба ояти 41:
فَكَيْفَ إِذَا جِئْنَا مِن كُلِّ أمَّةٍ بِشَهِيدٍ وَجِئْنَا بِكَ عَلَى هَؤُلاء شَهِيدًا
Яъне “Чӣ гуна бошад он вақт, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро барои ин уммат гувоҳ биёварем?!” – Ҳамин ки Ибни Масъуд ин оятро қироат кард, чашмҳои Расули Акрам пур аз ашк шуд ва фармуд:
— Дигар кофӣ аст!
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)
Қаламонлайн
qalamonline.net













