Саргузашти як тоҷик

Муҳоҷират

Саргузашти як тоҷик

Забони ҳоли як тоҷик ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳамеша аз дидани либосҳои жӯлидаи баъзе аз ҳамватанонам дар кӯчаву хиёбонҳо нороҳат мешудам ва пеши худам мегуфтам, ҳамин тарзи либоспӯшӣ аст, ки сари ҳар қадам пулисҳо ҳамватанони моро боздошт намуда, ҳар гуна рафторҳои таҳқиромез мекунанд. Бинобар ин, ман ҳамеша саъй мекардам бо сару либоси шику ороста берун биравам, махсусан он рӯз, ки мехостам ба фурудгоҳ биравам.

Ҳаргиз ёдам намеравад, он рӯз ҳатто туфлӣ ва курткаи нав ҳам харидам, агарчи пули андаке доштам, вале бояд ин корро мекардам, меарзид. Вақт кам монда буд, бо саросемагӣ либос пӯшидаму зуд худамро ба фурудгоҳ расондам, ба маҳзи расидан, рост ба самти гейти парвоз рафтам.

Саф тӯлонӣ буд, ба ғайр аз чанд нафар бақия ҳама тоҷик буданд, бархе бо ҳамон либосҳои жӯлида ва бархе ҳам шик. Аммо бархӯрди масъули гейт бо ҳама яксон буд, бо чеҳраи «недовольный» ва садои баланд, либосат шик буд ё жӯлида, ҳеҷ фарқе намекард. Ҳарчи буд, аз он ҷо гузаштем, аммо сафи пулиси марзӣ аз он ҳам тӯлонитар буд, бархӯрдашон ҳам хашинтар. Вақте он ҷо дидам бо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуна бархӯрди таҳқиромезе мешавад, аз роҳам баргаштам ва гуфтам, бояд паспорти русӣ бигирам, баъд сафар мекунам.

Бо ҳазору як заҳмат ва харҷи чанд ҳазор доллар билохира пас аз ду сол тавонистам паспорти русӣ бигирам. Хеле хушҳол шуда будам, бо худ мегуфтам, ҳоло бо сари баланд ҳар куҷо лозим бошад, паспортамро нишон медиҳам ва бидуни ҳеҷ мушкиле ҳар куҷо бихоҳам сафар мекунам.

Рафтам фурудгоҳ ва бо як ғурур ва хотири ҷамъ паспортамро аз ҷебакам бароварда ба пулиси марзӣ нишон додам. Аммо бо камоли таъаҷҷуб, бархӯрди пулис ҳеҷ фарқе накард; ҳамон рафтор ва ҳамон таҳқир. Гуфтам: Кажется Вы ошиблись, я гражданин России!

Бо писханд ҷавоб дод: Таджик и в Африке таджик!

Гӯё як сатл оби хунук аз болои сарам рехта шуд, аз хиҷолат об шудам ва аз дусола даву ғеҷам ва харҷи чанд ҳазор доллари бофоида сахт худамро маломат мекардам.

Ин ҷо буд ки фаҳмидам, на либос ва на паспорт, балки бояд худамонро тағйир диҳем, бояд коре кунем, ки ба паспорти тоҷикӣ эҳтиром бигзоранд, гарчи либосат жӯлида ва чеҳраат ранҷида бошад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хоҳиши Масеҳ аз ҳавориюн
Номаи Нидо

Матолиби пурбоздид