Сирояти фитнаи Сувайдо ба кишварҳои минтақа

Таҳлили хабарӣ

Сирояти фитнаи Сувайдо ба кишварҳои минтақа

Пешбинии сирояти фитнаи Сувайдо ба 5 кишвари калидии Ховари Миёна

Ёддошти таҳлилии Абдулборӣ Атвон, коршиноси фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”

Ошӯб, даргирӣ, поксозии низомӣ, фитнаҳои фирқаӣ ва дахолатҳои исроилӣ дар Сурия, бозтобе кучак аз як нақшаи вайронгари омрикоӣ-исроилӣ аст, ки ба таври қатъ ба бисёре аз кишварҳои арабии дигар густариш хоҳад ёфт.

Меҳвари аслии ин нақша, ҳарҷу марҷ аст, ки ба ночор ба ҷангҳои фирқаӣ ва қавмӣ, фурӯпошӣ ва таҷзия хоҳад анҷомид, то ниҳоятан ба эҷоди Ховари Миёнаи ҷадиди таҳти султаи комили Исроил мунҷар шавад.

Ҳангоме, ки ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ бо баҳонаи “ҳифозат аз дурзиҳои Сувайдо” ба Ситоди артиши ҷадиди Сурия, Вазорати дифоъ ва атрофи Кохи риёсати ҷумҳурӣ ҳамла мекунанд, яъне режими ишғолгари Исроил, ба шакле мустақим ё ғайримустақим, пушти ин фитна қарор дорад. Фитнае бо ҳадафи нобудии кишваре ба номи “Сурия”, ки чаҳор ҷанги сарнавиштсозро алайҳи барномаҳои саҳюнистӣ пушти сар гузоштааст.

* * *

Оғози ин бӯҳрон, реша дар нақшае “заҳролуд” дорад, ки бо баҳрагирии ҳисобшуда аз бархе иштибоҳоти режими собиқи Сурия, таҳти унвонҳои ҷаззобе монанди демукросӣ, ҳуқуқи башар ва мубориза бо истибдод, миллати Сурияро вориди чархае аз гуруснагӣ ва муҳосира кард, то дар ниҳоят, ҳам мардум ва ҳам кишварро ба ин ошӯби хунини кунунӣ расонд.

Низоми ҷадиди Сурия танҳо як марҳилаи интиқолӣ ва муваққатӣ барои иҷрои маъмурияти аслӣ – яъне сарнагунии низом ва сипас нопадид шудан аз саҳнаи сиёсӣ – будааст; ҳамонанди занбӯри нар, ки пас аз лиқоҳ бо малака, билофосила аз байн меравад.

Раиси муваққати ин низом яъне Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ (Аҳмад аш-Шаръ) тамоми хостаҳои исроилиҳоро бароварда кард: аз оддисозии равобит гирифта то ӯҳдадорӣ ба хориҷ кардани Сурия аз “Меҳвари Муқовимат” ва таъмини амният, субот ва ҳифозат. Бо ин ҳол, ин имтиёзот на барояш бахшиш овард ва на низоми ӯро аз таҷовуз, таҳқир ва ҳамалоти ҳавоӣ дар амон нигаҳ дошт; зеро ҳадафи стратегии тавофуқшуда, на тағйири режим, ки тағйири Сурия ба маънои давлат, миллат, таърих ва ҳувияти арабии он аст.

Ин иштибоҳи бузургест агар бародарони дурзӣ бавежа дар Сурия, фиреби иддаоҳои дурӯғини Исроил дар бораи “муҳофизат аз онон”-ро бихӯранд; зеро Исроил ба хубӣ аз решаҳои амиқи арабӣ ва исломии ҳувияти онон огоҳ аст; решаҳое, ки намоди онҳо Султон Пошшо Атраш, қаҳрамони дурзӣ ва арабӣ буд, ки инқилоби бузург алайҳи истеъмори ғарбиро раҳбарӣ кард.

Танҳо панҷ соат пас аз эъломи суқути низоми Асад, ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ беш аз 500 ҳамлаи ҳавоӣ барои нобудии пойгоҳҳои низомӣ, фурудгоҳҳо, бандарҳо ва анборҳои таслеҳотии артиши Сурия анҷом доданд, ки таъкиди дуборае аст бар ин ки ҳадафи воқеӣ, “Сурия” ба унвони кишвар ва миллат аст, на фақат низоми ҳоким. Ин асл, имрӯз ба вузуҳ дар ҷануби Сурия ва ҳатто қалби Димишқ намуд ёфтааст.

Ҷануби Сурия, ки рӯзе бузургтарин таҳдиди вуҷудӣ барои режими ишғолгар, амният ва суботи он маҳсуб мешуд, акнун ба таври мустақим таҳти ишғоли Исроил қарор гирифтааст; бо баҳонае ба номи “ҳифозат аз бародарони дурзӣ” дар баробари зулми давлати муваққати Димишқ. Баъид нест, ки ин улгу дар шимол ва шарқи Сурия низ такрор шавад; чаро, ки баҳонаҳои фирқаӣ ва қавмӣ омода ва мунтазири фаъолсозӣ ҳастанд.

Мо аз давлатҳои арабӣ, ки бо суқути режими пешини Сурия сар аз по намешинохтанд ва аз низоми ҷадид бо шодӣ истиқбол карданд, интизори дахолат барои ҳифозат аз онро надорем; ҳамонҳое, ки дар баробари дарду гуруснагии мардуми Ғазза сукут карданд, ҳатто як қурс нон барояшон нафиристоданд ва дар иваз, бо пардохти панҷ триллион доллар ва эътои ҳадоёи шахсӣ ва қарордодҳои тиҷории чарбу нарм, аз устоди омрикоии ҳомии қотилон ва ҷаллодон қадрдонӣ карданд.

* * *

Ин фитнаи вайронгари омрикоӣ-исроилӣ, ки бо баҳрагирӣ аз меъёрҳои фирқаӣ ва қавмӣ, дар пайи таҷзияи Сурия ва шаклдиҳӣ ба нақшае ҷадид аз Ховари Миёна бо ҳувият ва султаи саҳюнистӣ аст, бегумон ба кишварҳои арабии дигаре низ сироят хоҳад кард, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Туркия, Лубнон, Ироқ… ва ин феҳрист идома дорад. Зеро дӯстӣ бо Омрико, оддисозии равобит бо Исроил ва пардохти триллионҳо доллар, ҳеч тазмине барои дар амон мондан аз шӯълаҳои ин оташ нест. Замон ҳама чизро равшан хоҳад кард.

(Raialyoum)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Кори бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза аз ҷинси азм, ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд”
Боздошти афсари баландпояи исроилӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон

Матолиби пурбоздид