Сухангӯи Қассом: Дар тӯли 72 соат, беш аз 10 низомии саҳюнист кушта шуданд
Душман ақиб хоҳад нишаст
Ахбори байналмилал
Сухангӯи гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос аз ба ҳалокат расондани беш аз 10 низомии саҳюнист ва захмӣ кардани даҳҳо нафари дигар дар тӯли 72 соати гузашта хабар дод.
Ба гузориши Алмаёдин, Абӯубайда гуфт: “Бо гузашти беш аз 100 рӯз аз амалиёти вайронгар ва наслкушӣ дар шимоли Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ, муҷоҳидони мо ҳамчунон хасоратҳои сангин ва заработи муҳкам ба душман ворид мекунанд ва танҳо дар 72 соати гузашта, беш аз 10 саҳюнист кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.”
Вай афзуд: “Таъкид мекунем, ки талафоти артиши шикастхӯрдаи ишғолгар бисёр беш аз чизест, ки худ эълом мекунад. Душмани залил ва шикастхӯрда, аз шимоли Ғазза хориҷ хоҳад шуд, бидуни ин ки битавонад муқоваматро шикаст диҳад ва танҳо дастоварди онҳо вайронӣ, тахриб ва куштори мардуми бегуноҳ аст.”
Almayadeen
Қаламонлайн