Тавофуқи оташбас дар Ғазза то чанд рӯзи оянда ниҳоӣ мешавад

Тавофуқи оташбас дар Ғазза эҳтимолан то чанд рӯзи оянда ниҳоӣ мешавад

Ахбори байналмилал

Раванди музокироти оташбас дар Ғазза ва табодули асирон миёни ҷунбиши Ҳамос ва режими Исроил, ҳикоят аз он дорад, ки тавофуқ миёни тарафайн наздик аст ва эҳтимол меравад, ки тайи чанд рӯзи оянда ин тавофуқ ҳосил шавад.

Ба гузориши Алъолам ба нақл аз Ал-олам ал-арабӣ:

“Дар сурати ҳаллу фасли бархе аз мавзӯоти мавриди ихтилоф, ки монеи иҷрои тавофуқ мешавад, тавофуқи ниҳоӣ дар бораи оташбас дар Ғазза, то чанд рӯзи оянда ҳосил хоҳад шуд.”

Тибқи ин гузориш, пешниҳоди Миср мавриди қабули ду тараф аст, аммо мушкил бар сари теъдоди боздоштиҳо назди Ҳамос ва радаи синнӣ ва машоғили онон аст, ки интизор меравад бар асоси пешниҳоди матраҳшуда озод шаванд.

Ҷунбиши Ҳамос пештар эълом карда буд, ки ҳозир аст 20 нафар аз боздоштиҳои синни боло ва бемор ва ё занонро дар феҳристи табодули асирон қарор диҳад, дар ҳоле ки исроилиҳо хоҳони озодии 35 то 40 нафар аз асиронашон ҳастанд.

Гуфта мешавад, ин монеъро метавон аз тариқи муддати замони оташбасе, ки метавон дар бораи он тавофуқ кард, пушти сар гузошт ва муддати замони матраҳшуда барои оташбас 6 ҳафта аст ва дар сурате, ки Ҳамос натавонад беш аз 20 нафар аз асирони исроилиро озод кунад, теъдоди рӯзҳои оташбас коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамос то кунун аз хостаи худ мабнӣ бар эъломи поёни ҷанг алайҳи Ғазза кӯтоҳ наомада, аммо омодагии худро барои баррасии ин мавзӯъ дар замони оташбас ва иҷрои бахши аввали ин тавофуқ эълом кардааст.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба Исроил
Қоҳира; идомаи музокирот

Матолиби пурбоздид