Тазоҳуроти мардуми Сурия алайҳи Ҷулонӣ

Тазоҳуроти мардуми Сурия алайҳи Ҷулонӣ

Байналмилал

Якшанбе, 28 декабри соли 2025, дар чанд минтақаи Сурия тазоҳуроти мардумӣ алайҳи Аҳмад аш-Шаръ, маъруф ба Ҷулонӣ, баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъҳои маҳаллӣ, эътирозкунандагон бо сар додани шиорҳо аз фаъолият ва сиёсатҳои ӯ изҳори норизоятӣ карда, хостори қатъи нуфузи гурӯҳҳои вобаста ба вай дар минтақаҳои зисти худ шуданд.

Шоҳидон мегӯянд, ки эътирозгарон Ҷулониро масъули ноамнӣ, бесуботӣ ва идомаи хушунат дар кишвар медонанд.

Дар баъзе шаҳрҳо тазоҳурот ба гирдиҳамоиҳои сершумор табдил ёфта, фазои амниятӣ пуртаниш арзёбӣ мешавад.

То ин лаҳза дар бораи талафоти ҷонӣ ё дахолати густурдаи нерӯҳои амниятӣ иттилои расмӣ нашр нашудааст.

Мақомот вазъро зери назар дошта, таҳаввулоти минбаъдаро пайгирӣ мекунанд.

Коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мухолифатҳо ногузир буд, аммо ба ин зудӣ интизори мухолифати мардумиро надоштаанд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Се моҳвораи эронӣ аз пойгоҳи “Восточный”-и Русия ба фазо партоб шуданд
Алҷазоир аз Фаронса хасороти даврони истеъморро хостааст

Матолиби пурбоздид