Тамсиле аз Мавлоно

Адаб

Тамсиле аз Мавлоно

Мавлоно дар Маснавӣ дар ойинаи як тамсили бисёр зебо, ҷаҳони ҳар як аз моёнро, ки муддаии маърифат ҳастем ва фикр мекунем, ҳамадону ҳамафаҳмем, бароямон нишон додааст.

Менависад, магасе бар коҳе нишаст, ки он коҳ бар идрори харе равон буд. Магас мағрурона бар идрори хар киштӣ меронд ва мегуфт: Ман илми дарёнавардӣ ва киштиронӣ хондаам. Дар ин кор бисёр тафаккур кардаам. Бибинед, ин дарё ва ин киштиро ва маро, ки чӣ гуна киштӣ меронам.

Магас дар зеҳни кучаки худ бар дарё киштӣ меронд. Он идрор дарёе бекарон ба назараш меомад ва он барги коҳ киштие бузург, зеро огоҳӣ ва биниши ӯ андак буд.

Паёме, ки Мавлоно бо ин тамсил мехоҳад бирасонад ин аст, ки ҷаҳони ҳар кас ба андозаи зеҳн ва биниши ӯст. Одами мағрур ва каҷандеш монанди ин магас аст ва зеҳнаш ба андозаи дарки идрори хару барги коҳ.

* * *

Он магас бар барги коҳу бавли хар

Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар.

Гуфт: ман дарёву киштӣ хондаам,

Муддате дар фикри он мемондаам.

Инак, ин дарёву ин киштиву ман,

Марди киштибону аҳли ройзан.

Бар сари дарё ҳамеронд ӯ амад,

Менамудаш он қадар берун зи ҳад.

Буд беҳад он чамин нисбат бад-ӯ,

Он назар, ки бинад онро рост, ку?

Оламаш чандон бувад, к-аш биниш аст,

Чашм чандин, баҳр ҳам чандинаш аст.

Соҳиби таъвили ботил чун магас,

Ваҳми ӯ бавли хару тасвири хас.

Гар магас таъвил бигзорад ба рой,

Он магасро бахт гардонад ҳумой.

Он магас набвад, к-аш ин ибрат бувад,

Рӯҳи ӯ на дархури сурат бувад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Риояти адолат
Номаи Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш

Матолиби пурбоздид