Танҳо роҳи наҷоти Исроил аз фурӯпошӣ ба ривояти женероли саҳюнист

Таҳлили хабарӣ

Танҳо роҳи наҷоти Исроил аз фурӯпошӣ ба ривояти женероли саҳюнист

Таҳлиле дар Almayadeen

Женероли аршади артиши режими саҳюнистӣ, Исҳоқ Брик бо баёни ин ки сарони Исроил ҳозир ба тасмимгирии дуруст дар бораи ҷанги Ғазза нестанд ва мехоҳанд ҳамаро бо худ ба вартаи нобудӣ бикашонанд, ба баррасии роҳкорҳои наҷоти ин режим аз фурӯпошии қарибулвуқӯъ пардохт.

Исҳоқ Брик тасреҳ кард, ки агар кобинаи Исроил ба ҷанги кунунӣ алайҳи навори Ғазза поён надиҳад, ин набард ба як ҷанги фарсоишии чандсола таҳти раҳбарии Ҳамос дар Ғазза ва Ҳизбуллоҳ дар шимол табдил ва ба фурӯпошии Исроил мунҷар хоҳад шуд.

Ин женероли захира дар артиши ишғолгар тайи ёддоште дар рӯзномаи исроилии Haaretz навишт: “Агар ҷанг тамом нашавад, Исроил асиронро аз даст медиҳад, иқтисод дучори фурӯпошӣ мешавад ва артиши захира низ, ки дигар нахоҳад тавонист бори ин ҷангро бидуни тағйири ҷангҷӯён таҳаммул кунад, фурӯ мепошад, шаҳракҳои вайроншуда дар марзҳои ҷанубӣ ва шимолӣ бозсозӣ нахоҳад шуд ва 100 ҳазор овора фақир ва бечиз хоҳанд шуд”.

Вай афзуд, ки дар сурати идомаи ин раванд, “инзивои Исроил” дар ҷаҳон афзоиш хоҳад ёфт ва шиддати таҳримҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мамнӯъиятҳои низомӣ, ки акнун ба далели ҳукмҳои додгоҳи Лоҳа (Гаага) бо он мувоҷеҳ аст, бештар хоҳад шуд.

Дар идомаи ёддошти Haaretz омадааст: “Касоне, ки метавонанд дар хориҷ аз Исроил бавежа дар заминаи фанноварӣ ва пизишкӣ фаъолият кунанд, ба таври дастаҷамъӣ аз Исроил фирор хоҳанд кард. Шикофи ҷорӣ дар ҷомеаи чанддастаи имрӯзӣ, бо бадтар шудани авзоъ бештар хоҳад шуд ва тақобули бахшҳои мухталиф дар Исроил ба фурӯпошии ин ҷомеа мунҷар хоҳад шуд.”

Брик таъкид кард, ки эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги минтақаӣ дар майдонҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки поёни Исроилро беш аз пеш тасреъ хоҳад кард.

Вай дар идома навишт, ки “раҳбароне, ки натавониста буданд посухи Ҳамос ва Ҳизбуллоҳро бидиҳанд, тасмим гирифтанд бо оташ бозӣ кунанд ва Эронро низ вориди муодила кунанд”. Онҳо бидуни фикр ба ҳама тараф шиллик мекунанд ва “моро ба як ҷанги минтақаӣ наздиктар мекунанд, ки боиси вайрониҳои ваҳшатнок ва хисороти бешумор ва ғайриқобили таҳаммуле хоҳад шуд”.

Вай бо ишора ба собиқаи хатарноки нахустин ҳамлаи мустақими Эрон ба Исроил пас аз ҳамлаи ин режим ба консулгарии Эрон дар Димишқ, тасреҳ кард, ки Исроил омодаи як ҷанги минтақаӣ нест ва бояд сарони он тағйир кунанд.

Брик афзуд, ки раҳбарони Исроил дар сатҳҳои сиёсӣ ва низомӣ, ки бо саҳлангориҳои худ “нанги 7 октябр”-ро рақам заданд, аз назари равонӣ на қодиранд ва на тамоюле ба поён додан ба ҷанг доранд ва ҳеч нерӯе дар ҷаҳон нахоҳад тавонист онҳоро аз ин мавзеъашон баргардонад. Онҳо фикр мекунанд агар ҷангро мутаваққиф кунанд, ба таслим шудан муттаҳам хоҳанд шуд.

Дар идомаи ин ёддошт омадааст: “Бархе аз ин сарон ба хубӣ аз сарнавишташон огоҳ ҳастанд ва медонанд, ки шикасташон дар китобҳои таърихӣ бозтоб дода хоҳад шуд ва то абад аз онҳо ёд хоҳад шуд. Барои ҳамин низ омодаанд, то Исроилро нобуд кунанд ва ҳамаи исроилиҳоро бо худ ба вартаи нобудӣ бикашонанд. Аз ҳамин ҷо низ зарурати тағйири онҳо беш аз пеш эҳсос мешавад.”

Брик бо ишора ба ин ки “ҳар рӯзе, ки дар ҷанг мегузарад, моро аз тавоноии бозгашт ба ҳолати оддӣ ва наҷоти Исроил дур мекунад” навишт, ки “Исроил бо шикасти мутлақ мувоҷеҳ аст, на пирӯзии мутлақ бар Ҳамос он чунон, ки Бенёмин Натонёҳу, Банӣ Гонтз, Йоав Галант ва Ҳертси Ҳеловӣ мегӯянд”.

Вай дар хотима навишт, ки вуруди артиш ба Рафаҳ “танҳо вазъияти онро даҳ баробар ташдид мекунад” ва охирин мех бар тобути тавоноии Исроил барои ҷанг бар сари боқӣ мондан дар сарзамини Фаластин хоҳад буд.

Дар поёни ин ёддошт таъкид шуд, ки “танҳо тағйири раҳбарон ва таваққуфи ҷанге, ки ҳадафаш аз даст рафта, метавонад моро наҷот диҳад”.

Almayadeen

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диоген – файласуфи девона ё девонаи файласуф?
Дарку тасаввури мо аз Макиавеллӣ нодуруст аст

Матолиби пурбоздид