Таодули иҷтимоӣ
“Чунин нест, ки ҳатман ашхосе, ки дорои шахсият ва мақоми иҷтимоӣ ҳастанд ва бар пиллаҳои олӣ қарор гирифтаанд, дорои шахсияти воқеӣ ҳам буда бошанд, зеро бисёр иттифоқ меафтад, ки афроде бешахсият ва нолоиқ рӯйи иллатҳо ва мӯҷиботе мақомоти ҳассосеро ишғол мекунанд ва афроди бошахсият ва лиёқат ақиб ронда мешаванд. Дар иҷтимооти мунҳатт (паст) ва фосид, ғолибан ҳамин тавр аст.
Уламои иҷтимоъ мегӯянд, яке аз нишонаҳои инҳитот (ақибмондагӣ), балки аз нишонаҳои фано ва измеҳлоли як қавм ин аст, ки мақомоти бузург ва ҳассоси онҳо ба дасти афроди бешахсият ва нолоиқ супурда шавад.
Дар ҳадис ҳам аз Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расида, ки:
إِذا أرادَ اللّهُ بِقَوْمٍ شَرّا وَلّی عَلَیْهِمْ سُفَهاءَهُمْ وَقَضی بَیْنَهُمْ جُهّالُهُمْ وَجَعَلَ الْمالَ في أیْدي بُخَلائِهِمْ
Яъне ҳар гоҳ Худованд барои қавме шарр бихоҳад, сафеҳонашонро бар эшон ҳоким гардонад ва ҷоҳилонашон дар миёни онҳо қазоват кунанд ва сарватро дар дасти бахилонашон қарор диҳад.
Ин аломати он аст, ки таодули он иҷтимоъ баҳам хӯрда ва монанди баданест, ки сиҳҳат ва эътидоли худро аз даст додааст…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн