Таъкиди Эрон бар робитаҳои тиҷорӣ бо Қазоқистон

Таъкиди Эрон бар робитаҳои тиҷорӣ бо Қазоқистон

Ахбори минтақа

Иброҳим раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Гарчӣ рушди қобили таваҷҷӯҳи равобити тиҷории Эрон ва Қазоқистон дар соли гузашта вазъиятро нисбат ба қабл мутафовит карда, аммо ин сатҳ аз равобит мутаносиб бо зарфиятҳои ду кишвар нест ва бояд барои иртиқои он талоши музоъаф дошта бошем.

Ба гузориши Садои Хуросон, Иброҳим Раисӣ дар дидори Алихон Исмоилов нахуствазири Қазоқистон, ки ба манзури пайгирии иҷроӣ шудани тавофуқоти анҷомшуда байни руасои ҷумҳури ду кишвар ба Теҳрон сафар карда, дар рушди равобити дуҷониба ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин хостори таваҷҷӯҳ ба рушди  равобити фарҳангӣ ва тамаддунии Эрон ва Қазоқистон шуд ва эҷоди кумитаи фарҳангии муштарак барои иртиқои равобит дар ин ҳавзаро зарурӣ донист.

Нахуствазири Қазоқистон низ бо ибрози алоқа нисбат ба рушд ва таъмиқи равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба вижа дар заминаи сармоягузориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гуфт: Ҳаҷми равобити ду кишвар мутаносиб бо зарфиятҳои мавҷуд нест ва ба ҳамин далел нақшаи роҳе барои рушди ҳамкориҳои оянда тарроҳӣ кардаем.

Алихон Исмоилов, ибрози умедворӣ кард, бо тасреҳ дар иҷроӣ шудани тавофуқоти Теҳрон-Остона дар ҳавзаҳои мухталиф, афзоиши сатҳи ҳамкориҳои ду тараф дастовардҳои натиҷабахше барои Эрон ва Қазоқистон хоҳад дошт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Порсиситезӣ дар Афғонистон
Се ҳафта монда ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ

Матолиби пурбоздид