Тағйири мақоми забони русӣ дар лоиҳаи нави Конститутсияи Қазоқистон

Ахбори минтақа

Тағйири мақоми забони русӣ дар лоиҳаи нави Конститутсияи Қазоқистон

Ахбори минтақа

Комиссияи ислоҳоти конститутсионии Қазоқистон ба лоиҳаи нави Конститутсия тағйирот ворид кард. Тибқи таҳрири нав, забони русӣ дигар на «баробар» бо забони қазоқӣ, балки «ҳамрадиф» бо он истифода мешавад.

Бо вуҷуди он ки гуфта мешавад ин ислоҳот хусусияти таҳрирӣ ва услубӣ дорад, маънии воқеии он танҳо дар амал равшан хоҳад шуд.

Дар ин бора роҳбари маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия Андрей Серенко дар суҳбат бо Readovka изҳор дошт.

Ба гуфтаи коршинос, ин тағйирот метавонад ба ҳаракати кишварҳои пасошӯравӣ ба «мадори мустақилли худ» иртибот дошта бошад. Бо вуҷуди ин, Қазоқистон аз истифодаи забони русӣ комилан даст намекашад, зеро кишвар талош дорад модели муносиби давлати соҳибихтиёрро ҳифз намояд ва низ намехоҳад бо Русия равобити худро тира созад.

Ба таъкиди Серенко, маҳз аз ҳамин ҷиҳат Остона забони русиро ҳамчун захираи рушди кишвар дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ арзёбӣ мекунад.

Вазъияти забони русӣ дар Қазоқистон, ба гуфтаи коршинос, аз Украина ва кишварҳои соҳили Балтика ба куллӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, даст кашидан аз забони русӣ барои ҷумҳурӣ аз нигоҳи амалӣ судманд нест.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Иран готовится официально признать режим Талибана в Афганистане
Мехостам дунёро тағйир бидиҳам

Матолиби пурбоздид