Торихчаи расмӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон
Абдуллоҳи Раҳмнамо
Забони тоҷикӣ чӣ тавр бори аввал дар Тоҷикистон расмӣ ва давлатӣ шуд?
Ё ҳуҷҷате, ки бояд бар девораи дил ё деворҳои хонаамон овезем
15-уми марти соли 1925 дар шаҳри Душанбе дар маросими бошукӯҳе таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶМШСТ) расман эълон шуд.
Ҳамагӣ пас аз 21 рўзи таъсисёбӣ, роҳбари аввалини ҷумҳурии ҷавон, Раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо як фармони бисёр ҷасуронаи худ забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ ва коргузории расмии Тоҷикистон муайян ва эълон намуд.
Аз сабабе, ки он солҳо Тоҷикистон ҳанӯз мақоми ҷумҳурии мухтор дошта, ҷумҳурии ҷудогона набуд, ин иқдом боиси эътирозу муқовимати шадиди намояндагони ҳизбиву давлатии маҳаллӣ ва марказии Шўравӣ шуда, дар ниҳоят ба яке аз айбномаҳои асосӣ ва яке аз саҳифаҳои аввалини парвандаи ҷиноӣ бар зидди ӯ табдил ёфт.
Соле пеш матни русии ин фармонро ба даст овардаву пешкаш намуда будем, аммо дар ниҳоят матн ва нусхаи аслии шакли аввали ин фармони таърихии Нусратулло Махсум аз 6-уми апрели соли 1925 (рақами 19) ба забони тоҷикӣ ба даст омад.
Хушбахтона, ин нусхаи аслии фармон то имрўз дар ҳолати бисёр тозаву хоно бо хатти бисёр зебо маҳфуз монда, дар зери он имзои мубораки худи каҳрамони аввали Тоҷикистон истодааст.
Ин аввалин санади давлатиест, ки мақоми забони тоҷикиро дар коргузории давлатии Тоҷикистон расмияти ҳатмӣ мебахшид.
Гарчӣ ҳамагӣ пас аз чор моҳ, 10-уми августи соли 1925 банди якуми ин ҳуҷҷат аз “боло” маҷбуран тағйир дода шуда, дар Тоҷикистон якбора ба се забон мақоми расмию давлатӣ дода шуд, ва гарчӣ пас аз қатли Нусратулло Махсум ин фармон умуман бекор карда шуда, забони тоҷикӣ танҳо соли 1989 дубора ин ҷойгоҳи расмияти ҳатмӣ баргашт, аммо бегумон, ин иқдоми ҷасуронаи ӯ чун як саҳифаи заррини муборизаҳои таърихии халқи тоҷик барои истиқлол ва як лаҳзаи дурахшони эҳёи ҳувияту асолати тоҷикон боқӣ монд.
Ҳуҷҷате, ки нусхаи онро метавонем ба девораи дил е ҷойи баъзе манзараҳои сунъӣ ба девори хонаҳои худ овезем…
Қобили зикр аст, ки фармони мазкури Нусратулло Махсум забонҳои дигарро дар ҳудуди Тоҷикистон пурра аз истеъмол берун накардааст.
Ҳуҷҷат аз аҳаммияти бузурги маълумотӣ, илмӣ, таърихӣ, забонӣ, услубӣ ва матншиносию хатшиносӣ бархурдор буда, умедворам, ки мавриди дарку бархурди дурусти илмӣ қарор мегирад.
Зимнан, ин яке аз даҳҳо ҳуҷҷатҳои расмиест, ки ному насаби роҳбари аввалини Тоҷикистон дар он маҳз ҳамчун Нусратулло МАХДУМ сабт гаштааст. Дар аксари ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аз ҷумла зери ин акси расмии Раиси аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он солҳо дар лавҳаҳои расмӣ истифода мешуд, номи ӯ чун Нусратулло МАХДУМ омадааст.
Нусхаи аслии ҳуҷҷати таърихӣ дар зер ироа мешавад.
МАТНИ он ба хатти кириллии имрӯза чунин аст (баъзе иловаҳо бо мақсади барои хонандаи имрўз фаҳмотар шудани матн дар қавсайн афзуда шудаанд):
«Ба назорат( = вазорат) ва идораҳои марказӣ ва инқилобқумитаҳои вилоят, туман (=ноҳия), кентҳо (=ҷамоатҳо):
Аз тарафи Марказӣ инқилобқумитаи мухтори иҷтимоии шӯравии Ҷумҳурияти Тоҷикистон
Мактуб ба тариқи бўйруқ
ФАРМОН
1925-ум сол, 6-уми моҳи апрел, рақами 19, шаҳри Душанбе
Аз рӯи Қарори Инқилобқумитаи Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар ҳамаи иҷроқумҳои (=кумитаҳои иҷроия) вилоятӣ ва ба назорат (=вазорат), идораҳои марказӣ таклиф карда мешавад, ки (баробари) ин мактуб-фармонро гирифтан, КОРҲОИ ИДОРА ВА МАКТУБУ ҚАРОРҲОИ МЕШУДААШОНРО РАСМАН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГАРДОНИДА ШАВАД.
Агар дар ҷойҳое, ки забони тоҷикиро намедониста ва намефаҳмида бошанд, забони ӯзбакиро истеъмол кунанд ва дар ҷойҳои лозим шудан, баъзе мактубҳое бошанд, ки ба забони русӣ лозим бошад, низ иҷозат аст.
Ҳар кадоме назорат (=вазорат) ва инқилобқумитаҳои вилоят, туман, кент (баробари) ин мактуб-фармонро гирифтан, БА ИҶРОИ ОН ҶИДДӢ ҲАРАКАТ НАМОЯНД!
Раиси Инқилобқумитаи мухтори
Ҷумҳурияти Тоҷикистон:
Нусратулло МАХДУМ
Масъул-саркотиби Марказиқумитаи инқилобӣ:
Саъдуллоҳ Махдум Раҷабӣ
Коргузор: Мойуф (?)”
Қаламонлайн
qalamonline.net













