Трамп: Мо нафти худро мехоҳем
Байналмилал
Посухи раиси ҷумҳури ИМА ба суол дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Венесуэла
Вашингтон
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар посух ба суоле дар бораи сабабҳои эҳтимолии ҳамлаи низомӣ ба Венесуэла изҳор дошт, ки ангезаи асосӣ манфиатҳои энергетикии ИМА мебошад.
Трамп дар як суҳбати расонаӣ, вақте аз ӯ пурсида шуд, ки чаро мехоҳад алайҳи Венесуэла иқдоми низомӣ анҷом диҳад, ба таври кӯтоҳ посух дод: «Мо нафти худро мехоҳем».
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Венесуэла дорои яке аз бузургтарин захираҳои нафти ҷаҳон буда, солҳост бо таҳримҳои шадиди иқтисодии ИМА ва ҳампаймононаш рӯбарӯ аст.
Изҳороти ахири Трамп бозгӯкунандаи равиши сахтгиронаи ӯ нисбат ба Каракас ва сиёсати энергетикии байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Коршиносон мегӯянд, чунин суханон метавонад танишҳоро миёни ИМА ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ афзоиш диҳад ва нигарониҳоро дар бораи истифодаи захираҳои табиӣ ҳамчун абзори фишори сиёсӣ бештар созад.
То ҳол мақомоти расмии Венесуэла ба ин изҳороти Трамп вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
qalamonline.net
Қаламонлайн













