Ё Раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам
Рубоиёти Абусаъиди Абулхайр
Ё Раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам
Муҳтоҷи бародарону хешон нашавам
Бе миннати халқ маро рӯзӣ деҳ
То аз дари ту бар дари эшон нашавам.
Абусаъиди Абулхайр
***
Ё Раб, макун аз лутф парешон моро
Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро
Зоти ту ғанӣ будаву мо муҳтоҷем
Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
Абусаъиди Абулхайр
***
Ё Раб, зи карам даре ба рӯям бикушо
Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинмо
Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам
Ҷуз ёди ту, чӣ ҳаст, бар аз дил моро.
***
Ё Раб, ба Муҳаммаду Алию Заҳро
Ё Раб, ба Ҳусейну Ҳасану Оли Або
К-аз лутф барор ҳоҷатам дар ду саро
Бе миннати халқ, ё Алиюл-Аъло
Абусаъиди Абулхайр
Қаламонлайн