Уламо ва ҳукком
Андешкадаи Қалам
Паёмбари Худо(с) фармуданд:
*Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком.
*Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад.
* Худо онро, ки дар дуо исрор варзад, дӯст дорад.
* Худо мардуми нексират ва гумноми парҳезгорро дӯст дорад.
* Худо мӯъмини косибро дӯст дорад.
* Худо дили андӯҳнокро дӯст дорад (дар сурате ки андӯҳаш барои кори лағв ва гуноҳ набошад).
* Худо корҳои некӯ ва шарифро дӯст дорад ва умури паст ва беарзишро хуш надорад.
* Худо дӯст дорад, аз ҳалоли ӯ истифода кунанд, чунон ки дӯст дорад, ҳаромро вогузоранд.
* Худо барои мусалмон ғаюр аст, ӯ ҳам бояд ғайратманд бошад.
* Худо гоҳе ин динро ба дасти марди бедине таъйид мекунад.
* Худо ҳаё мекунад, дастеро, ки ба ҷониби Ӯ бардоштаанд, холӣ баргардонад.
* Ҳар чӣ фарзанди Одам пиртар мешавад, ду сифат дар ӯ ҷавонтар мегардад: ҳирс ва орзу.
* Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком.
Қаламонлайн
qalamonline.net













