Устоди урупоиён
Андешкадаи Қалам
Густов Лебун (Gustave Le Bon), файласуф, ҷомеашинос ва муаррихи маъруфи фаронсавӣ (1841-1931), дар китоби арзишманди “Тамаддуни ислом ва араб”-и худ менависад:
“Баъзе аз урупоиён ор доранд иқрор кунанд, ки як қавми кофир ва мулҳиде – яъне мусалмонон – сабаб шуда, Урупои масеҳӣ аз ҳолати ваҳшоният ва ҷаҳолат хориҷ гардад ва аз ин рӯ онро пинҳон нигоҳ медоранд…
Нуфузи ахлоқии ҳамин мусалмонон, он ақвоми ваҳшии Урупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, дохил дар тариқи башарият намуд ва низ нуфузи ақлонии мусалмонон дарвозаи улуму фунуну фалсафаро, ки аз он ба куллӣ бехабар буданд, ба рӯи онон боз кард ва мусалмонон то 600 сол устоди мо урупоиён буданд…”
(Тамаддуни ислом ва араб)
Қаламонлайн
qalamonline.net













