Фаҳми маонии Қуръон
Маорифи исломӣ
Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ нақл мекунад:
“Рӯзе дар маҳзари аллома Таботабоӣ будем. Сухан аз фаҳми Қуръони Карим ба миён омад. Эшон – раҳмаҳуллоҳ – фармуданд: “Қуръон дорои чаҳор маъност ва баҳраи ҳар инсон аз онҳо, ба андозаи сафои дили ӯст”.
Сипас ин маониро чунин тавзеҳ доданд:
1) Зоҳири Қуръон: маънои лафзӣ ва забонии оёт, ки барои ҳамагон қобили фаҳм аст, монанди аҳкоми зоҳирӣ ва достонҳои қуръонӣ;
2) Маънои илмии Қуръон: маъное, ки вежаи аҳли фиқҳ, тафсир ва улуми исломӣ аст; онон, ки бо абзори иҷтиҳод ва равишҳои илмӣ ба суроғи оёт мераванд;
3) Маънои қалбии Қуръон: баҳрае, ки аҳли дил аз Қуръон мебаранд; касоне, ки зиндагии худро бар тазкияи нафс бино кардаанд. Ин мартиба фаротар аз таҳлили сирф ақлӣ аст ва бо шуҳуди қалбӣ дарк мешавад;
4) Маънои сиррии Қуръон: мартибае, ки бандагони хос ва авлиёи илоҳӣ аз он сероб мешаванд; ҷойе, ки Қуръон бо ҳақиқати комили худ дар ҷони онон ҳузур меёбад.
Ва аллома дар поён афзуданд: “Саҳми ҳар инсон аз ин маротиб, ба андозаи покӣ ва таҳзиби нафси ӯст, на сирфан ба андозаи дониш ё тасаллут бар забон”.
(“Дар маҳзари аллома Таботабоӣ”, ҷилди аввал, сафҳаи 122)
qalamonline.net
Қаламонлайн













