Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – II

Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – II

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши дуввум

Дар бахши аввал ваъда дода будам, ки ба шарҳу тавзеҳи ояти 62 сураи Бақара бипардозам, вале лозим дидам, пеш аз он, аввал нуктаеро, ки хеле муҳим аст ва фикр мекунам, калиди фаҳми тамоми матлаб аст, арз кунам. Агар ин матлаб барои дӯстон равшан бишавад, фикр мекунам хеле аз масоил барояшон равшан хоҳад шуд. Ва он матлаб ин аст:

Ислом, як дини иҷтимоӣ аст; ба ин маъно, ки ин дин, ба ҳамон андоза, ки ба фикри саодати инсон дар охират аст, ба фикри саодати ӯ дар дунё ҳам ҳаст. Бинобар ин, он фармудаҳои ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба инсон, ки агар чунину чунон кунӣ, ту дигар мусалмонӣ, эҳтиром хоҳӣ дошт ва ту дигар дохил дар муҷтамаъи мусалмонон ҳастӣ ва аз тамоми ҳуқуқе, ки онҳо бархӯрдор ҳастанд, бархӯрдорӣ ва ғайра, ин аҳодис нозир ба саодат ва ё ба истилоҳ, наҷоти инсон дар охират нест, ҳаргиз! Ин аҳодис нозир ба ҳамин дунёст. Мо ривоёти зиёде дорем ба ин мазмун, ки агар инсон калимаи шаҳодатайнро ба забон оварад, ӯ дигар мусалмон аст, ҳарчанд дар ботин ва ҳақиқат боваре ба маънои шаҳодатайн надошта бошад, яъне мунофиқ бошад. Мунофиқ мусалмон аст, аз тамоми ҳуқуқе, ки як мусалмон дар ин дунё бархӯрдор аст, ӯ низ бархӯрдор аст ва ҳеч фарқе бо як мусалмони дигар надорад. Аммо ин ки дар охират ӯ чӣ вазъе хоҳад дошт, хуб инро дигар Худо медонад, мунофиқ ҳам, ки маълум аст чӣ сарнавиште дар рӯзи қиёмат хоҳад дошт.

Мо набояд байни ин ду халт кунем яъне биомезем ва гумон кунем, ки агар ҳазрати Паёмбар (с) фармуда бошад, ки чунину чунон кунӣ, ту мусалмон ҳастӣ, ҳатман биҳиштро барои ӯ тазмин карда бошанд, ҳаргиз! Балки ин аҳодис нозир ба зиндагии инсон дар ҳамин дунёст, коре ба охират надорад. Паёмбар (с) ба дунболи бино ва сохтани як ҷомеъа аст, ки ин ҷомеъа барои худаш аҳком ва вежагиҳо ва хусусиёти хосси худро дорад, ки бо онҳо, аз дигар ҷомеъаҳо, масалан ҷомеаъи масеҳӣ, фарқ мекунад.

Пас, дӯстон лутфан халт накунанд! Агар дар ривояте омада бошад, ки мусалмон бояд чунину чунон бошад, аввал нек диққат кунанд, ки оё ривоят нозир ба чӣ гуна будан ва чӣ гуна шудани мусалмон дар ҳамин дунёст ё на, нозир ба саодати ӯ дар охират аст? Масалан, фарз бифармоед, ривоят бигӯяд, бояд мухлис ба Худо буд ва ихлос аст, ки мояи наҷот ва саодати инсон аст, ин ривоят қатъан нозир ба саодати инсон дар охират аст, ҳарчанд дар ҳамин дунё низ ба навъе нозир аст.

Аммо ин ки дар қиёмат инсонҳо чӣ вазъе хоҳанд дошт ва ин ки чӣ касе биҳиштӣ мешавад ва чӣ касе ҷаҳаннамӣ, ин дигар кори Худост, мо набояд дар ин маврид ба ҷойи Худо биншинем ва доварӣ кунем. Бале, дар оёт ва ривоёт ҳаст, ки агар одам фалон гуна бошад, масалан имон ва амали солеҳ дошта бошад, ӯ вориди биҳишт хоҳад шуд, бале ин ҳаст ва зиёд ҳам ҳаст. Аммо ин ки барои он мисдоқ таъйин кунед, на, ин дигар ҷоиз нест, ин ба ҷойи Худо нишастан аст. Масалан, агар одам бо зирсу қотеъият доварӣ кунад, ки ба биҳишт фақат ва фақат мусалмон ворид мешавад ва ғайри ӯ на, ин дигар ба ҷойи Худо нишастан аст. Ин ба ҳеч ваҷҳ ҷоиз нест.

Инак, навбати он аст, ки бибинем, ояти 62 сураи Бақара чӣ мегӯяд. Албатта лозим аст аввал инро арз кунам, ки он чи гуфтам, инҳо “хотирхоҳӣ” ва ин ҷур чизҳо нест, ҳаргиз ва абадан! Магар маҷол, маҷоли бозӣ ва хотирхоҳӣ аст?! Магар метавон бо каломи Худо бозӣ кард ва онро ба хотири касе ва ё касоне, маъно кард?! Касе, ки чунин кунад, пас ӯ дар дараҷаи аввал пасттарини одамҳо будааст. Ҳамчунин, азизон бипарҳезанд аз ин ки зуд дар бораи касе доварӣ ва қазоват кунанд, ки масалан ӯ мунҳариф аст ва гумроҳ аст ва ин ки мазҳабаш чунон аст ва ин ҷур чизҳо! Ин рафтор дуруст нест. Худро дар маснади қозӣ ва довар қарор додан ва дар бораи дигарон роҳат ва осон қазоват кардан, кори мӯъмин нест, то чӣ расад ба як мӯъмини олим.

Хуб, баргардем бар сари асли матлаб: ин маъно ва мазмуне, ки Алӣ Ҷумъа, муфтии собиқи Миср дар бораи ояти 62 сураи Бақара гуфтааст, ӯ на аввалин шахс аст, ки чунин гуфта ва на охиринаш. Уламо ва муфассироне буданд ва алъон ҳам ҳастанд, ки чунин назар доранд.

Ҳоло барои намуна, назари марҳум Муҳаммад Рашид ибни Али Ризо маъруф ба Имом Рашид Ризо, аз уламои машҳури аҳли тасаннун ва соҳиби тафсири “Ал-манор”-ро роҷеъ ба ҳамин оят меоварам. Ибтидо лозим аст боз оятро биёварам:

إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَى وَالصَّابِئِينَ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

“Ҳар як аз мусалмонон ва яҳуд ва насоро ва собеъин, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварад ва некӯкорӣ пеша кунад, албатта онҳо аз Худо подоши нек ёбанд ва ҳеч гоҳ бимнок ва андӯҳгин нахоҳанд буд.”

Рашид Ризо аввал мегӯяд, дар ин оят, касоне, ки “имон овардаанд” ду бор зикр шудааст. Аввал ҳамроҳи яҳуд ва насоро ва собеъин ва барои бори дуввум дар иборати:

مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا

Баъд мегӯяд, аввалӣ нозир ба инсоне аст, ки дар як хонаводаи мусалмон зода шудааст ва дасти худи ӯ ҳам набуда, ки мусалмон таваллуд шавад, имкон дошт масеҳӣ таваллуд шавад ё яҳудӣ ва ё як дини дигар. Аммо дуввумӣ, яъне:

مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا

– нозир ба имони воқеӣ аст, ки Худо меписандад ва ба хотири он барояш аҷру подош қоил аст.

Рашид Ризо дар бораи аввалӣ мегӯяд:

وَهَذَا الْإِطْلَاقُ هُوَ الَّذِي عَنَاهُ الْأُسْتَاذُ الْإِمَامُ بِقَوْلِهِ: لَا أَثَرَ لَهُ فِي رِضَا اللهِ وَلَا غَضَبِهِ. . . إِلَخْ، وَهُوَ كَوْنُ الدِّينِ جِنْسِيَّةً لِمَنْ يَنْتَسِبُ إِلَيْهِ، فَقَوْلُهُ – تَعَالَى -: (إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا) مُرَادٌ بِهِ الْمُسْلِمُونَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا مُحَمَّدًا – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – وَالَّذِينَ سَيَتَّبِعُونَهُ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ، وَكَانُوا يُسَمَّوْنَ الْمُؤْمِنِينَ

“Ва ин итлоқ ҳамон аст, ки манзури устоди имом (имом Муҳаммад Абдуҳ, раиси вақти Алазҳар) буда он ҷо, ки Имом гуфтааст: ин имон на дар хушнудии Худо асар дорад ва на дар ғазабаш (яъне ба дард намехӯрад)… Ва он ин ки дин, барои касе, ки ба он мансуб аст, фақат як тобеият бошад (дуруст мисли ин ки шумо масалан дар Тоҷикистон зода шудаед ва тобеъи ин кишваред). Пас, мурод аз “касоне, ки имон овардаанд”, мусалмононе ҳастанд, ки ҳазрати Муҳаммад (с)-ро пайравӣ кардаанд ва касоне, ки то рӯзи қиёмат ӯро пайравӣ хоҳанд хоҳанд кард ва онҳо мӯъмин низ хонда мешуданд…”

Сипас мегӯяд:

وَقَوْلُهُ: (وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَى وَالصَّابِئِينَ) يُرَادُ بِهِ هَذِهِ الْفِرَقُ مِنَ النَّاسِ الَّتِي عُرِفَتْ بِهَذِهِ الْأَسْمَاءِ أَوِ الْأَلْقَابِ مِنَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا الْأَنْبِيَاءَ السَّابِقِينَ، وَأُطْلِقَ عَلَى بَعْضِهِمْ لَفْظُ يَهُودٍ وَالَّذِينَ هَادُوا، وَعَلَى بَعْضِهِمْ لَفْظُ النَّصَارَى، وَعَلَى بَعْضِهِمْ لَفْظُ الصَّابِئِينَ

“Ва ин ки (Худо) мефармояд: “ва яҳуд ва насоро ва собеъин” мурод аз онҳо фирқаҳое аз мардуманд, ки ба ҳамин номҳо ва унвонҳо шинохта шудаанд; касоне, ки анбиёи пешинро пайравӣ кардаанд, ки барои баъзе аз онҳо лафзи “яҳуд” ва барои баъзеи дигар “насоро” ва бар баъзе “собеъин” итлоқ шудааст…”

Баъд идома медиҳад:

(مَنْ آمَنَ بِاللهِ وَالْيَوْمِ وَالْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا) هَذَا بَدَلٌ مِمَّا قَبْلَهُ؛ أَيْ مَنْ آمَنَ مِنْهُمْ بِاللهِ إِيمَانًا صَحِيحًا وَآمَنَ بِالْيَوْمِ الْآخِرِ كَذَلِكَ، وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا … (فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ) أَيْ إِنَّ حُكْمَ اللهِ الْعَادِلَ، سَوَاءٌ وَهُوَ يُعَامِلُهُمْ بِسُنَّةٍ وَاحِدَةٍ لَا يُحَابِي فِيهَا فَرِيقًا وَيَظْلِمُ فَرِيقًا … فَالْآيَةُ بَيَانٌ لِسُنَّةِ اللهِ – تَعَالَى – فِي مُعَامَلَةِ الْأُمَمِ، تَقَدَّمَتْ أَوْ تَأَخَّرَتْ

“(Ин фармудаи Худо, ки) “касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварад ва некӯкорӣ пеша кунад“ бадал аст аз моқабли худ, яъне касоне аз ин гурӯҳҳо (мусалмонон, яҳуд, насоро, собеъин), ки имоне дуруст ва саҳеҳ биёваранд ва ба рӯзи қиёмат ҳамчунин имон оваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд… барои онҳост назди парвардигорашон подоши нек ва онҳо ҳеч гоҳ бимнок ва андӯҳгин нахоҳанд буд. Яъне ҳукми одили Худованд баробар аст, Худо бо онҳо ба як равиш ва қонун муомила мекунад, чунин нест, ки хотири касеро бидорад ва ба касе зулм кунад… Ин оят баёнгари суннат ва қонун ва равиши бархӯрди Худои Таъоло бо умматҳост, чӣ умматҳои пешин ва чӣ пасин…”

Ва дар поёни тафсири ин оят мегӯяд:

وَلَا إِشْكَالَ فِي عَدَمِ اشْتِرَاطِ الْإِيمَانِ بِالنَّبِيِّ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ؛ لِأَنَّ الْكَلَامَ فِي مُعَامَلَةِ اللهِ – تَعَالَى – لِكُلِّ الْفِرَقِ أَوِ الْأُمَمِ الْمُؤْمِنَةِ بِنَبِيٍّ وَوَحْيٍ بِخُصُوصِهَا

“Ишколе надорад дар адами шарти имон ба паёмбар (с) (дар ин ҷо), зеро сухан дар хусуси муомилаи Худо бо ҳамаи фирқаҳо ё умматҳои мӯъмин ба як паёмбар ва ба як ваҳйи бахусус аст.”

(Тафсири Алманор, Рашид Ризо, ҷ.1, с.278. Ашшомила https://shamela.ws/book/12304/277#p1)

Яке ду ҷумлаи дигар боқӣ монда, ки дар бахши баъдӣ, иншоаллоҳ ёдовар хоҳам шуд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанги сояи Эрон бо Омрико
Ниёиш

Матолиби пурбоздид