Чаро осори Мавлоно дар Омрико пурфурӯш аст?

Фарҳанг

Чаро осори Мавлоно дар Омрико пурфурӯш аст?

Ёддоште аз Ҷин Сиёботорӣ (Jane Ciabattari)

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ориф ва дарвеши порсӣ, дунболкунандаҳои бешуморе дар Омрико ва дигар нуқоти ҷаҳон дорад. Ашъори ҳаяҷонангези Румӣ, ин шоири порсӣ ва устоди сӯфӣ, дар соли 1207 милодӣ, яъне ҳудуди 812 сол пеш, мутаваллид шуд. Дар солҳои ахир милюнҳо нусха аз осораш дар саросари дунё ба фурӯш расидааст, ки вайро ба унвони маҳбубтарин шоир дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико муаррифӣ мекунад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ, тарафдоронаш ҳамвора гурӯҳҳо ва афроди фарҳехта ҳастанд.

Брод Гух (Brad Gooch), ки нигориши зиндагиномаи Мавлоноро дар дастури кор дорад ва чандин китоби мӯътабари интиқодӣ дар хусуси Фронк Уҳоро (Frank O’Hara) ва Флонери Уконур (Flannery O’Connor) — мавлонопажӯҳони омрикоӣ — навиштааст, дар бораи Мавлоно мегӯяд: “Ӯ шахсияти таъсиргузор дар тамоми фарҳангҳост.”

Гух, ки аз маҳалли таваллуди Мавлоно дар Вахш, деҳкадае кучак дар ҷойе, ки имрӯза Тоҷикистон номида мешавад, ба Самарқанди Ӯзбекистон, Эрон ва Сурия, ки Румӣ дар даҳаи 20 зиндагияш дар Димишқ ва Ҳалаб мутолеа мекард, сафар карда, изҳор мекунад: “Нақшаи зиндагии Мавлоно масоҳати 2500 мойлиро шомил мешавад.”

Таваққуфи ниҳоии вай дар Қунияи Туркия буд, ки дар онҷо Мавлоно 50 сол аз умрашро сипарӣ кард. Мақбараи Мавлоно, дар ҳар сол, пайравони мӯҳтарам ва сарони давлатҳоро ба ҷиҳати ҳузур дар маросими солрӯзи фавти дарвеш (ориф) дар 17 декабр гирди ҳам меоварад.

Лаҳзаи дигаргункунанда дар зиндагии Румӣ, дар соли 1244 рух дод. Вай орифи даврагарде ба номи Шамси Табрезиро мулоқот кард. Гух мегӯяд: “Румии 37-сола воиз ва донишманди суннатии мусалмонон (муфтӣ) буд ҳамчун падар ва падарбузургаш.” Ин нависандаи омрикоӣ идома медиҳад: “Ин ду ба муддати се сол робитаи дӯстии танготанге доштанд – инки ошиқ ҳам буданд ва ба ҳам ишқ меварзиданд ё шогирду шайх (муршид) буданд, ҳаргиз мушаххас нашуд. Мавлоно ориф шуд ва се сол пас аз он Шамс нопадид мешавад — шояд тавассути писари ҳасуди Мавлоно кушта шуд ё дарси муҳиммеро дар бораи ҷудоӣ ба Мавлоно дод.” Румӣ бо ин масъала аз тариқи навиштани ашъораш канор омад. Аксари ашъоре, ки аз вай вуҷуд доранд, марбут ба синни 37 то 67 сол аст. Ӯ 30 ҳазор байт (ашъори ошиқона) барои Шамс, паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва Худо навишт. Вай 2000 байт рубоиёт ва чорпора ҳам навишт.

Ӯ Маснавиро, ки як асари ирфонии ҳамосӣ аст, дар 6 ҷилд (дафтар) навиштааст. Дар ин солҳо Мавлоно шеър, мусиқӣ ва рақсро дар батни масоили мазҳабӣ гунҷонид.

Гух унвон мекунад, ки “Румӣ эҳтимолан дар ҳини тамаркуз ва нигориши ашъораш ҳаяҷонзада мешуд ва мечархид, ки пас аз маргаш ба сурати рақси фохир дар ҳолати тамаркуз даромад” ё ҳамон тавр, ки дар ғазали 2351 девон (Девони Шамс) навишта: “Одат доштам зикр бигӯям ва акнун одат дар бозгӯии назм, шеър ва таронаҳо дорам.”

Осори Мавлоно қарнҳо пас аз маргаш бозхонӣ мешаванд, гурӯҳхонӣ мешаванд, бо оҳанг хонда мешаванд ва ба унвони илҳом барои румонҳо, ашъор, мусиқӣ, филм, филмҳои ютюб ва твитҳо ба кор мераванд.

* * *

Чаро осори Румӣ боқӣ мондаанд?

Гух мегӯяд: “Ӯ шоири лаззату ишқ аст. Осораш аз мувоҷеҳа бо ҷудоияш аз Шамс ва аз ишқ маншаъ мегиранд… Паёми Мавлоно ба ҷони афрод нуфуз мекунад ва бо фард иртибот барқарор мекунад. Навиштаеро рӯйи сипари худраве дидам, ки дабардорандаи як байт шеър аз ӯ буд: Ба дур аз хаёли кори нописанду дуруст, онҷо даштест, ки туро мулоқот хоҳам кард.”

Оне Волдмон (Anne Waldman), профессори шеършиносӣ дар Донишгоҳи Норупо ҳам дар бораи Мавлоно мегӯяд: “Румӣ фарде пуррамзу роз аст ва шоир ва шахсияти таҳриккунанда дар рӯзгори мост. Рафта-рафта саъй дар дарки русуми сӯфӣ мекунем ва моҳияти аз худ бе худ шудан, ишқи мутааҳҳидона, қудрати шеъру суннати лаззат аз ҳамнавъ – чӣ бароварда шавад ва чӣ бароварда нашавад — ро дарк мекунем. Вай дар суннати тӯлонии ёрони сайру сулук аз Суфу то Волт Витман қарор мегирад.”

Ли Бричетӣ (Lee Briccetti), мудири иҷроии Хонаи шуаро — яке аз сармоягузорони маҷмӯаи китобхонаи миллӣ дар Омрико — ки ба Мавлоно, ба сурати хоссе таваҷҷӯҳ дорад, мегӯяд: “Дар тӯли замон, макону фарҳанг, ашъори Мавлоно тадоъикунандаи зиндагӣ аст ва ба мо кӯмак мекунанд, ки ҷустуҷӯи худро барои ишқ ва сармастӣ дар печу хамҳои зиндагӣ дарёбем.” Вай осори Мавлоноро аз лиҳози зебоишинохтӣ ва тасвиргарӣ бо Шекспир муқоиса мекунад.

Кулемон Боркс (Coleman Barks), мутарҷиме, ки талошҳояш боис шуд осори Мавлоно ба унвони пурфурӯштарин шоир дар Омрико лақаб гирад, далоилеро, ки боиси боқӣ мондани Мавлоно мешавад бармешуморад: “Хуштабъии Мавлоно. Ҳамеша шайтанате ба ҳамроҳи фарзонагӣ дар осораш вуҷуд дорад.”

Дар соли 1976, шоири маъруф Роберт Блой (Robert Bly) як нусха аз тарҷумаи корҳои Мавлоно тавассути Орберӣ (AJ Arberry)-ро ба Боркс дод ва гуфт: “Ин ашъор бояд аз қафаси худ раҳоӣ ёбанд.” Боркс ашъорро аз ҳолати мутуни хушки донишгоҳӣ ба шеъри сафеди озоди омрикоӣ табдил кард. Аз он пас тарҷумаи Боркс дар 22 ҷилд, ва тайи 33 сол ироа шуд, ки шомили “Ашъори зарурии Мавлоно”, “Як сол бо Мавлоно”, “Мавлоно: китоби бузурги қирмиз” ва ғайра, ки ҳамагӣ тавассути интишороти HarperOne мунташир шуданд. Ин осор беш аз 2 милюн нусха фурӯш доштанд ва ба 22 забони мухталифи дунё тарҷума шуданд. Ҷилдҳои ҷадиде низ дар ояндаи наздик ироа хоҳанд шуд. “Мавлоно: ҷӯшиши руҳу меҳрубонӣ”, “Дӯстии Румӣ ва Шамси Табрезӣ”. Ба сурати вежа тарҷумаҳои ҷадиди Боркс аз ашъори кӯтоҳи Румӣ (рубоиёт) ва китобчае аз Шамси Табрезӣ, ки гоҳе суханони Шамси Табрезӣ (Мақолоти Шамс) номида мешаванд шомил мешавад.

Боркс унвон мекунад, ки “ҳамчун суханони Масеҳ қарнҳои зиёде махфӣ шуда буданд. Он ҳам на дар кӯзаҳои қирмизи мадфун дар Миср, балки дар китобхонаҳои гурӯҳи дарвешон дар Туркия ва Эрон. Дар солҳои ахир низ, донишмандон ва муҳаққиқон шурӯъ ба тарҷума ва созмондиҳии онҳо ба забони англисӣ кардаанд.”

Боркс изҳор медорад: “Тайи 800 соли оянда эҳсос мекунам ҷунбиши ҷаҳонии қудратманде дархоҳад гирифт, ки хоҳони ҳазфи марзҳое хоҳад буд, ки мазҳаб эҷод кардааст ва хушунати мазоҳибу масоликро поён хоҳад дод.” Гуфта шудааст, ки афроди тамоми мазоҳиб дар маросими дафни Мавлоно дар соли 1273 ширкат кардаанд. Чун гуфтанд, ки имони моро муҳкамтар сохт, сарфи назар аз он ки куҷо будаем. Ин яке аз аносури қудратманд ва дилпазир дар шеъри Мавлоност.

Ҷовид Муҷаддидӣ, муҳаққиқи сӯфигарӣ дар Донишгоҳ Рутгерз ва барандаи ҷоизаи мутарҷими Мавлоно унвон дошт: “Мавлоно шоири халлоқи таҷрибии форсизабон ва устоди сӯфиён буд. Таркиби ғании орифона ва иқтибоси шуҷоъона аз қолабҳои шеърӣ калиди маҳбубияти имрӯзаш аст.”

ВВС

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Хашм
Тулӯи Шамс

Матолиби пурбоздид