Чиро тоҷикон?

Таҳлили хабарӣ

Чиро тоҷикон?

Ёддошти Зафари Суфӣ

Чанд рӯзи ахир ҳатман дар зеҳни аксарият ин пурсиш мечархад ва шояд ҳар кас барои худ посухе пайдо карда ва шояд на?!

Воқеан чиро ҳамчун омилони ин амалиёти терористӣ тоҷикон интихоб шуданд?

Зеро солҳост, ки тоҷикро пеш аз ҳама ҳукумати кишвару мақомоташ ифротгарову терорист нишон доданд.

Наздики ду даҳсола аст, ки тамоми талошу имконият барои бақои як хонавода дар қудрат равона шуда. Дар ин роҳ ҳам мухолифону мунтақидони нокоромадии ин хонавода ва сардори он ё кушта шуданд, ё зиндонӣ ва ё муҳоҷир гаштанд ва ё ифротгарову терорист эълон шуданду таҳти пайгард қарор доранд. Таи даҳ соли ахир чандин “амалиёти зиддитерористӣ” дар кишвар доир карданд ва “терорист”-ҳоро ё боздошт карданд ва ё “безарар” гардонданд. Дар сурате, ки ин ҳама “амалиёти терористӣ” сохта ва саҳнасозишуда буд, аммо дар иваз мақомоти интизомӣ нишону медал, мукофоти нақдӣ ва рутба дарёфт мекарданд. Қатли дучархасаворони хориҷӣ, “ҳуҷум” ба постгоҳ ё қисми сарҳадӣ дар наздики Душанбе, чандин амалиёти боздошти “терористон”, ки гӯё барои ҳуҷум ба ин ё он идораву марказ омодагӣ мегирифтанд, хуллас силсилафилми “мубориза” бо терористон аз сӯи кумитаи амният ва вазорати корҳои дохила, ки боиси рутбаи низомӣ (аз саргурд то генерал) гирифтани чандин нафар гашт, дар асл заминасози бадномии миллат дар назари бегонаҳо буду ҳаст.

Дар тамоми нишасту анҷуманҳо барои пинҳон кардани нокоромадии ҳукумати хонаводагӣ фақат ва фақат миллатро бадном карданд. Гуфтанду ба такрор мегуфтанд, ки шумори ифротиву тундгарову даҳшатафканҳо он сӯи марзу ин сӯи марз ба таври рӯзафзун дар ҳоли зиёд шудан аст.

Ба ин ҳадде, ки ҳукумату мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони худро тундгарову ифротӣ эълон кардаву дар пайгард қарор дода дар ҳеч куҷо дида намешавад. Аз ҷумла дар минтақа, ҳукумат ва мақомоти интизомӣ дар Қазоқистон, дар Узбакистон, дар Туркманистон ва дар Қирғизистон чунин ғалатро накардаанд.

Барои аксарият дигар пушида нест, ки бештарин боздошту истирдоди шаҳрвандони кишвар аз Русия сурат гирифтааст. Ҳатто барои боздошту истирдоди шаҳрвандони кишвар ба кормандони мақомоти интизомии Русия ордену медалу мукофоти пулӣ доданду медиҳанд. Аммо медонед гуноҳи аксари он шаҳравандон чист? “Гуноҳаш” зери нивиштае касе лойк мондан ва ё дар мавриди амалкарди ҳукумат ё мансабдоре назари интиқодие баён кардан аст, ки аз сӯи дову дастгаҳи Ятимову Рамазон Раҳимзодаву Юсуф Раҳмон ҳамчун ифротгарову терорист дар пайгард қарор дода шуданд.

Вақте бештарин рӯйхати дар пайгард ба хотири “ифротгароӣ” ва “тероризм” тоҷикистониён қарор доранд, вақте бештарин боздошт ва истирдодшудаҳо тоҷикистонӣ бошанд, фикр намекунед, ки ҳар як корманди мақомоти интизомӣ дар Русия дар симои ҳар тоҷик як ифротгарову тундраву терористро мебинад? Гузашта аз ин онҳо дар таҷрибаи худ озмудаву бар ин бовар расидаанд, ки ҳукумату мақомоти Тоҷикистон пуштибони шаҳрвандони худ несту тоҷикистонӣ як муҳоҷири бепаноҳест. Пас, дар ҳар ҷинояте мешавад тоҷику тоҷикистониро “интихоб” кунанд.

Намегӯям тоҷики ифротиву тундгаро нест.

Албатта ҳаст!

Аммо на ба ин миқдоре, ки ҳукумати ғайримиллӣ ва худкомаву хонаводагӣ барои ҷаҳониён муаррифӣ карда. Аксари ҷавонон камсаводанд. Дар кишвар ҷаҳолат бедод мекунад! Низоми омӯзишу парвариш дар мунҷалоби буҳрони амиқ фурӯ рафта. Ҳар касе андешаи озод дорад, ҳар нафаре аз иштибоҳу норасоиҳо ва нокоромадии ҳукумат интиқод кард, душману ҷинояткор эълом мешавад ва ба ҳар роҳе боздошту зиндонӣ мекунанд. Яъне озодии андеша ва баён аслан вуҷуд надорад. Шиддати фишору хафақон чунон зиёд аст, ки дигар барои нафас кашидан ҳам имкон намемонад. Ҳамаи улгуҳо ва намунаи ибратро аз байн бурданд. Афроде, ки сад кас ба ҳарфаш гӯш мекард, ба ҳар васила бадном карданд. Мехостанду мехоҳанд, ки фақат пешвои онҳо ва атрофиёнаш улгу ва гапзан бошад. Намефаҳмиданду намефаҳманд, ки ин корашон монанд ба он аст, ки ҳамаро маҷбур кунанд то ҳамсари онҳоро дӯст дошта бошад.

Меъёрҳо ва арзишҳоро тағйир доданд. Зиддиарзиш имрӯз ҷои арзишро гирифта ва ҳар пиндору кирдоре, ки тибқи меъёрҳои ахлоқи инсонӣ бад буд, инҳо онро хуб ҷилва доданду роиҷ карданд. Дар чунин як вазъи хафақонӣ хеле аз ҷавони тоҷик, ки мутаассифона камхондаву камсавод ҳам ҳаст, улгуро дар мавъизаҳои муллонамоҳои ифротӣ ҷустанд. Агар ҳукумат миллӣ мебуд, агар дилсӯзи мардумаш мебуд, агар манфиати Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаву атрофиёнаш аз манфиати миллату давлату кишвар боло гузошта намешуд, пеш аз танзими рӯйхати терористону ифротгароён ва онро фиристодан ба кишварҳои ҳамсояву дуртар, решаҳои ин мушкилотро шиносоӣ ва дар пайи дармону ислоҳ мешуданд.

Ҳоло чаҳор тан тоҷики нимҷонеро ҳамчун омили як амалиёти густарда ва хеле дақиқ барномарезишуда боздошт кардаанд. Инҳо дуруст намедонад адреси хонааш куҷост, намедонад соли таваллудаш кудом, мутмаиннан дар умраш автомати калашниковро ҳам надидааст ва дар умраш ҳеч гоҳ ба ин бинои Крокуссити ҳам нарафтааст, чунин амалиётро анҷом додаву аз ин марказ бе ҳеч мушкил берун омада фирор кардаанд. Ҳама медонанд, ки ин афсонае беш нест. Ин як туҳмати ошкор дар ҳаққи ин муҳоҷирони бахтбаргашта аст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти интизомияш ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи ин гумонбаршудаҳо ва талаб кардан, ки дар кори тафтиши ин қазия ҳатман намояндаи кишвар ҳузур дошта бошад, ба сари падару модару хешу табору ҳаммаҳаллаҳои ин боздоштшудаҳо мераванд…

Бешарафҳои беғайрат! Гӯши шаҳрванди кишварро буриданд. Мефаҳмед? Шумо масъули дифоъ аз ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ҳастед ва ноне, ки хӯрдеду мехӯред, аз ҳисоби ҳамин шаҳрвандон таъмин мешавад. Ин шаҳрвандони кишвар валинеъмати шумо ҳастанд ва шуморо барои хидмат гуморидаанд. Ҳоло ба ҷои дифоъ аз онҳо дар ростои бадномияшон талош доред?

Нафрин бар шумо!

Зафари Суфӣ

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷики ман
Вазири исроилӣ: СММ яҳудиситез аст

Матолиби пурбоздид