Шаш гурӯҳ аз инсонҳо
Андешкадаи Қалам
“Аз бахил дар аҷабам, ки ба фақре мешитобад, ки аз он мегурехта ва сарватеро аз даст медиҳад, ки онро меҷуста, дар дунё ҳамчун фақирон зиндагӣ мекунад ва дар охират ҳамчун сарватмандон ба ҳисобаш мерасанд!
Ва аз мутакаббир шигифтзадаам, ки дирӯз нутфа ва фардо мурдор аст!
Ва аз он, ки дар Худо шак дорад, дар аҷабам, дар ҳоле, ки офаридаҳои Худоро мебинад!
Ва аҷаб дорам аз касе, ки маргро фаромӯш намуда ва ҳол ин ки мурдагонро бо чашм мебинад!
Ва аз он ки зинда шудан дар он ҷаҳонро қабул надорад дар шигифтам ва ҳол ин ки сохта шуданашро дар ин ҷаҳон мебинад!
Ва дар тааҷҷубам аз касе, ки сарои фониро обод мекунад ва хонаи боқиро вомегузорад!”
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 126)
Қаламонлайн
qalamonline.net













