Шукрона

Адаб

Шукрона

Шоирона

Шукри шаҳди чашмасорат мекунам,

Шукри хоки файзборат мекунам.

Тоҷикистон – модари дилбанди ман,

Ҳастии худро фидоят мекунам.

Дар бари домони ту сабзидаам,

Неку бадро бо хирад санҷидаам.

Дур мондам аз канорат солҳо,

Ман ба серӣ талъатат нодидаам.

Шояд аз ин рӯ ба ту дил бастаам,

Аз вуҷуди нозукам ворастаам.

Чун Зарафшону Бадахшону Хуҷанд

Бо дилу бо марзи ту пайвастаам.

Маҳваш

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бройон Трейси дар бораи сармоягузорӣ
Мулоқоти вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо сафири Эрон

Матолиби пурбоздид