Шӯҳрати авом

Таърих

 

Шӯҳрати авом

Ҳикоят

Чанде буд, ки дар миёни мардуми авом номи шахсе бисёр бурда мешуд ва шӯҳрати ӯ ба тақво ва диёнат печида буд. Ҳама ҷо оммаи мардум сухан аз бузургӣ ва бузургвории ӯ мегуфтанд. Мукаррар дар маҳзари Имом Содиқ сухан аз он мард ва иродат ва ихлоси авомуннос нисбат ба ӯ ба миён меомад. Имом ба фикр афтод, ки дур аз чашми дигарон он марди “бузургвор”-ро, ки то ин ҳадд мавриди алоқа ва иродати тӯдаи мардум воқеъ шуда аз наздик бибинад.

Як рӯз ба таври ношинос назди ӯ рафт, дид иродатмандони вай, ки ҳама аз табақаи авом буданд, ғавғое дар атрофи ӯ бапо кардаанд. Имом бидуни он ки худро бинумоёнад ва муаррифӣ кунад, нозири ҷараён буд. Аввалин чизе, ки назари Имомро ҷалб кард рафторҳо ва атворҳои авомфиребонаи вай буд. То он ки ӯ аз мардум ҷудо шуд ва ба танҳоӣ роҳеро пеш гирифт.

Имом оҳиста ба дунболи ӯ равон шуд, то бибинад куҷо меравад ва чӣ мекунад ва аъмоли ҷолиб ва мавриди таваҷҷӯҳи ин мард аз чӣ навъ аъмоле аст?

Тӯле накашид, ки он мард ҷилави дӯкони нонвоӣ истод. Имом бо камоли таъаҷҷуб мушоҳида кард, ки ин мард ҳамин ки чашми соҳиби дӯконро ғофил дид, оҳиста ду адад нон бардошт ва дар зери ҷомаи хеш махфӣ кард ва роҳ афтод.

Имом бо худ гуфт, шояд манзураш харидорӣ аст ва пули нонро қаблан дода ё баъдан хоҳад дод. Вале баъд фикр кард, агар ин тавр буд, пас чаро ҳамин ки чашми нонвои бечораро дур дид, нонҳоро баланд кард ва роҳ афтод.

Боз Имом он мардро таъқиб кард ва ҳанӯз дар фикри ҷараёни дӯкони нонвоӣ буд, ки дид дар муқобили басоти як мевафурӯш истод, он ҷо ҳам миқдоре диранг кард ва то чашми мевафурӯшро дур дид, ду адад анор бардошт ва зери ҷомаи худ пинҳон кард ва роҳ афтод.

Бар таъаҷҷуби Имом афзуда шуд. Таъаҷҷуби Имом он вақт ба мунтаҳои дараҷа расид, ки дид он мард рафт ба суроғи як нафар мариз ва нонҳо ва анорҳоро ба ӯ дод ва роҳ афтод. Дар ин вақт Имом худро ба он мард расонд ва изҳор дошт:

— Ман имрӯз кори аҷибе аз ту дидам… Тамоми ҷараёнро барояш бозгӯ кард ва аз ӯ тавзеҳ хост.

Ӯ нигоҳе ба қиёфаи Имом кард ва гуфт:

— Хаёл мекунам ту Ҷаъфар ибни Муҳаммадӣ.

— Бале, дуруст ҳадс задӣ, ман Ҷаъфар ибни Муҳаммадам.

— Албатта ту фарзанди Расули Худоӣ ва дорои шарофати насаб мебошӣ, аммо афсӯс, ки ин андоза ҷоҳил ва нодонӣ.

— Чӣ ҷаҳолате аз ман дидӣ?

— Ҳамин пурсише, ки мекунӣ, аз мунтаҳои ҷаҳолат аст, маълум мешавад, ки як ҳисоби соддаро дар кори дин наметавонӣ дарк кунӣ. Магар намедонӣ, ки Худованд дар Қуръон фармуда:

من جاء بالحسنة فله عشر امثالها

“Ҳар кори неке даҳ баробар подош дорад.” Боз Қуръон фармуда:

ومن جاء بالسيئة فلا يجزی الا مثلها

“Ҳар кори бад фақат як баробар кайфар дорад.”

Рӯи ин ҳисоб, пас ман ду нон дуздидам, ду хато маҳсуб шуд, ду анор ҳам дуздидам, ду хатои дигар шуд, маҷмӯъан чаҳор хато шуд. Аммо аз он тараф, он ду нон ва он ду анорро дар роҳи Худо додам, дар баробари ҳар кадом аз онҳо даҳ ҳасана дорам, маҷмӯъан чиҳил ҳасана насиби ман мешавад. Дар ин ҷо як ҳисоби хеле содда натиҷаи матлабро равшан мекунад ва он ин ки чун чаҳорро аз чиҳил тафриқ кунем, сию шаш боқӣ мемонад. Бинобар ин, ман сию шаш ҳасанаи холис дорам. Ва ин аст он ҳисоби соддае, ки гуфтам ту аз дарки он оҷизӣ.

— Худо туро марг бидиҳад! Ҷоҳил туӣ, ки ба хаёли худ ин тавр ҳисоб мекунӣ. Ояти Қуръонро магар нашунидаӣ, ки мефармояд:

انما يتقبل الله من‏ المتقين

“Худо фақат амали парҳезгоронро мепазирад.” Ҳоло як ҳисоби бисёр содда кофист, ки туро ба иштибоҳат воқиф кунад. Ту ба иқрори худат чаҳор гуноҳ муртакиб шудӣ, ва чун моли мардумро ба номи садақа ва эҳсон ба дигарон додӣ, на танҳо ҳасанае надорӣ, балки ба адади ҳар як аз онҳо гуноҳи дигаре муртакиб шудӣ. Пас чаҳор гуноҳи дигар бар чаҳор гуноҳи аввали ту изофа шуд ва маҷмӯъан ҳашт гуноҳ шуд, ҳеч ҳасанае ҳам надорӣ.

Имом ин баёнро кард ва дар ҳоле, ки чашмони буҳтзадаи ӯ ба сурати Имом хира шуда буд, ӯро раҳо кард ва баргашт.

Имом Содиқ вақте ин достонро барои дӯстон нақл кард, фармуд:

“Ин гуна тафсирҳо ва тавҷеҳҳои ҷоҳилона ва зишт дар умури динӣ, сабаб мешавад, ки иддае гумроҳ шаванд ва дигаронро ҳам гумроҳ созанд.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиба
Сухане, ки ба Абӯтолиб нерӯ дод

Матолиби пурбоздид