Эҳёу улум-ид-дин-II
“Эҳёу улумид дин” аз забони Абдулкарими Суруш
Бахши дуввум
Рубъи ибодот
“Эҳё” бо “Китоби илм” оғоз мешавад.
Ақсоми улум
Орои муҳимми маърифатшиносонаи Ғаззолӣ яъне фиқҳшиносӣ, каломшиносӣ, тақсимбандии улум, баҳс аз ақл ва яқин ва … ҳама дар ин китоб омадааст.
Вай, ибтидо улумро ба воҷиби айнӣ ва воҷиби кифоӣ, сипас воҷиботи кифоиро ба шаръӣ ва ғайришаръӣ ва ғайришаръиҳоро ба маҳмуд ва мазмум ва мубоҳ тақсим мекунад ва он гоҳ улуми шаръиро, ки ҳама маҳмуданд, дар 4 бахш ҷо медиҳад: усул (китоб, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба), муқаддимот (луғат ва наҳв ва…), мутаммимот (илми усул, илми риҷол ва…) ва фурӯъ, ки худ бар ду қисм аст: қисми аввал илме аст, ки ба кори ин ҷаҳон меояд ва он илми фиқҳ аст ва кутуби фиқҳӣ шомили онанд ва фуқаҳо, ки уламои дунё ҳастанд, бад-он мепардозанд. Ва қисми дуввум он аст, ки ба кори охират меояд, ки ё илм ба аҳволи қалб ва хӯйҳои зишту некӯст, ё илм ба таъсироте аст, ки “дил бар андомҳои одамӣ мениҳад”. Қисми аввал муҳликот ва мунҷиёт ва қисми дуввум одот ва ибодотанд. (1/17-18).
Ин тақсимбандӣ аввалан нишон медиҳад, ки маорифи мавҷуд дар “Эҳёул улум” ҷояшон дар табақабандии улум куҷост. Сониян, нисбаташон бо фиқҳ ва калом (ду илми мавриди таҳқири ҳамешагии Абӯҳомид) кадом аст.
Дунявӣ будани илми фиқҳ
Ғаззолӣ худ тавзеҳ медиҳад, ки чаро илми фиқҳро илми дунявӣ хондааст. Далелаш он аст, ки аз сӯйе фиқҳ барои фасли хусумот дар миёни зиёдатталабон ва ситамгарон аст ва аз ин рӯ агар мардум қонеъона ва одилона рафтор кунанд, хусумот решакан мешавад ва фуқаҳо бекор мемонанд. (1/17) Ва аз сӯйи дигар, фақеҳ мутакаффили баёни шурути сиҳҳату фасоди зоҳири аъмол аст ва аз ин рӯ тоъоте чун ислом овардан ва намоз гузордан ва закот пардохтан ва муроъоти ҳалолу ҳаром кардан ҳам фақат аз ҳайси зоҳирашон машмули ҳукми фақеҳ мешаванд ва ҳақиқаташон аз дастраси ӯ хориҷ мемонад. (1/18) Аз ин рӯст, ки ислом овардан аз тарси шамшер ва намоз гузордан бидуни хушӯъ ва ҳузури қалб ва ҳилаварзӣ барои фирор аз закот, ҳама мақбули фақеҳон аст ва аз назари фиқҳӣ нақсу ишколе дар онҳо дида намешавад. Албатта илми фиқҳ ҳам илми динӣ ва бал “муҷовири илми тариқи охират” аст (1/18-19), аммо на биззот, бал ба воситаи дунё. Чун дунё мазраъаи охират аст ва чун мулку дин тавъмонанд ва чун ободу ором кардани дунё, тоъат ва муроқабатро барои диндорон муяссар месозад, фиқҳ ҳам метавонад илми динӣ шумурда шавад. (1/18)
Робитаи фиқҳ бо тиб
Фиқҳ ва тибб аз ҷиҳоте бо ҳам шабеҳанд: яке абдонро обод мекунад ва дигаре ҷаҳонро, вале фарқи муҳиммашон ин аст, ки одамӣ ҳатто дар ваҳдат ва ғурбат ҳам ба тибб мӯҳтоҷ аст, лекин инсон агар иҷтимоӣ набуд, басо, ки ба фиқҳ ниёзманд намешуд. Фиқҳ аз они мавҷуди иҷтимоӣ ва дар хӯри зиндагии ҷамъӣ аст ва ҳоҷати одамӣ бад-он, аз он ҷиҳат аст, ки мадании биттабъ аст. Ҳамин раъй аст, ки Ғаззолиро вомедорад, то тавзеҳ диҳад, ки алфозе чун фақеҳ ва илм ва тавҳид ва ҳикмат ва зикр инак маъонияшон иваз шуда ва “ағрози фосид” бад-онҳо ҷомае нобаандом пӯшондааст.
Фиқҳ дар асри аввали ислом бар “илми тариқи охират ва маърифати дақоиқи офоти нуфус” итлоқ мешуд ва тавҳид ҳам иборат буд аз дидани ҳузури ҳамаҷонибаи Худованд дар ҳамаҷо ва қатъи илтифот ба асбобу васоит. На ин ки фиқҳро дар тафреъоти лиъон ва талоқ ва ъитқ ва иҷора, ки инзору тахвифе аз онҳо барнамеояд хулоса кунанд, ё мутакаллимонеро, ки ҷуз шубҳаангезӣ ва душманкӯбӣ ва ҷидолу мироъ коре надоранд, аҳли адлу тавҳид бихонанд. (1/32-38)
Калом ва фалсафа
Дар ҳамин китоб таклифи калом ва фалсафа ҳам маълум мешавад ва Ғаззолӣ тавзеҳ медиҳад, ки чаро он ду илмро дар ақсоми улум наёварда ва дар некиву бадиашон сухан нагуфтааст. Далелаш он аст, ки бахше аз илми калом, ки судманд аст, дар Қуръон ва ахбор ёфт мешавад ва бахши дигар, ки дар он ду нест, ё муҷодалаи мазмум аст ё мақулоте аст, ки аксараш “турраҳот ва ҳазёнот” аст ё ақволе аст бегона бо дин ва аз ҷинси бидъат, ки имрӯза ба далели ривоҷи шубуҳот, омӯхтанашон воҷиби кифоӣ шудааст.
Ва аммо фалсафа усулан илми мустақил нест ва муштамил бар 4 бахш аст: аввал, ҳисоб ва ҳандаса, ки мубоҳанд. Дуввум, мантиқ, ки дар боби шурути таъриф ва истидлол сухан мегӯяд ва ба ҳақиқат аз илми калом аст. Севвум, илоҳиёт, яъне баҳс аз зоту сифоти Борӣ, ки он ҳам аз илми калом аст ва фалосифа ҷуз ақвол ва мазоҳиби ботиле бар он наяфзудаанд. Чаҳорум, табииёт, ки бархе аз он мухолифи шаръу дини ҳаққ аст ва аз ин рӯ ҷаҳл аст ва илм нест, то дар шумори улум оварда шавад ва бархе дигар аз асл мавриди эҳтиёҷ нест ва чизест шабеҳ ба тибб, бо ин тафовут, ки тибб ба кор меояд ва онҳо ба кор намеоянд. (1/22-23)
Ғаззолӣ дар “Эҳё” ба воқеъ ҳеч фурсатеро аз каф намениҳад, то толиби илми динро аз ғӯтавар шудан дар илми калом барҳазар дорад ва ба ӯ биёмӯзад, ки дарси яқину тақворо аз калом наметавон гирифт ва чунин нест, ки ҳар ки мутакаллимтар бошад, имони ӯ ҳам нерӯмандтар хоҳад буд. “Магар кӯфтани теша бар решаи дарахт, онро муҳкамтар хоҳад кард?” (1/94) Тафовути мутакаллим бо оммиён фақат дар ин аст, ки ӯ дар фанни муҷодала забардасттар аст. Калом “доруе хатарнок” аст ва фосидест барои дафъи фосиди дигар ва ҷуз ҳиросати имони авом аз роҳзании бидъатгузорон, ҳунари дигаре надорад ва аз ин рӯ аз ин илм интизори кашфи ҳақиқат набояд дошт, ки вайронгариаш аз обод карданаш фузунтар аст ва мабодо, ки зеҳни навҷавонон ва роҳҷӯёнро дар ибтидои сулуки тариқи ҳидоят бо ақовили мутакаллимон биоконанд (пур кунанд), ки имонашонро мушавваш хоҳад кард.
Китоби “Қавоъидул-ақоид”
Барои доштани “эътиқодоти ҳаққа” ҳамин қадр кофӣ аст, ки фасли аввали “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид)-ро (ки китоби дуввум аз ҷилди аввали “Эҳёул улум” аст) бихонанд ва ақоиди “ҳаққа”-и аҳли суннат дар боби ҳаёт ва қудрат ва илм ва ирода ва самъ ва басар ва калом ва феъли Борӣ ва нубувват ва ҳашр ва мизон ва биҳишт ва ҷаҳаннамро аз он биёмӯзанд. Ва агар дар шаҳре ҳастанд, ки бидъат ривоҷ дорад, китоби истидлолии “Ар-рисолатул-қудсия”-ро (ки дар фасли севвуми “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид) гунҷонда шудааст ва аз осори даврони иқомати Ғаззолӣ дар Қудс аст) дар мутолеа гиранд. Ва агар аз он ҳам бештар металабанд, онро дар китоби “Ал-иқтисоду фил-эътиқод” биҷӯянд, ки густурдатар ва истидлолитар ва ба андозаи 50 варақ аст. Ва агар ин миқдор ҳам кифоят накард, омӯзгор бояд бидонад, ки беморе музмин шудааст ва бояд бо шогирди хеш ба нармӣ ва лутф рафтор кунад ва мунтазири қазои илоҳӣ биншинад, магар Худованд роҳҳои худро ба он саргаштаи водии маърифат нишон диҳад. (1/98)
Тавҳид ва адли илоҳӣ
Ғаззолиро дар “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид), як мусалмони суннии ашъарии комилаёр мебинем; қоил ба каломи азалӣ ва қадим ва қоим ба зоти Худованд ва қоил ба изофаи сифот бар зот ва диданӣ будани Худованд дар қиёмат, муқоисанопазир будани адли ӯ бо адли бандагон. Чаро ки банда метавонад бо тасарруф дар мулки ғайр зулм кунад, аммо зулм аз Худованд мутасаввар нест. Чун ғайри Худовандро мулке нест, то тасарруфи Худованд дар он мӯҷиби зулм бошад. (1/91) Ва мӯътақид ба нубуввати Паёмбари ислом (с) ва мансух будани шариатҳои собиқ ва қоил ба афзалияти халафои Паёмбар ба тартиби хилофаташон: “Афзали мардум пас аз Паёмбар (с) Абӯбакр аст, сипас Умар, сипас Усмон, сипас Алӣ разияллоҳу анҳум” (1/93)
Вай дар “Ар-рисолатул-қудсия” масъалаи хилофат пас аз Паёмбар (с)-ро басти бештар медиҳад ва мансус будани касе аз саҳобаро бар хилофат мардуд мешуморад ва мегӯяд: “Дар ин сурат харқи иҷмоъ мешавад ва ҳамаи саҳобаи Паёмбар ба мухолифат бо Расулуллоҳ (с) мансуб мешаванд ва ин сухане аст, ки ҷуз равофиз (рофизиҳо) ҷуръати ихтироъи онро надоранд ва эътиқоди аҳли суннат бар таъдил ва тазкияи ҷамиъи саҳобиён аст.” (1/115) Ин танҳо мавриде нест, ки Ғаззолӣ бо “равофиз” муқобалае талх кардааст. Аз ин талхтарро дар китоби “Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” дар боби шурути муҳтасиб овардааст. Мегӯяд: изни Имом дар ҳасба шарт нест “ва аҷиб ин аст, ки равофиз бар ин шарт, шарти дигаре ҳам афзудаанд ва он ин ки то имоми маъсум, ки ҳамон имоми ҳаққ аз назари онон аст хуруҷ накунад, амр ба маъруф ҷоиз нест. Инон пасттар аз онанд, ки бо онон сухан гуфта шавад.” (2/315) Ва агар наҳйи Ғаззолӣ аз лаъни Язидро низ бар ин таъбирот биафзоем (3/125), маълум хоҳад шуд, ки чаро Ғаззолӣ ҳеч гоҳ дар миёни шиъаён чунон мақбул наафтода аст, ки Мавлавӣ ва Ибни Арабӣ.
Ғаззолӣ дар китобҳои асрори таҳорат ва асрори салот ва асрори закот ва асрори савм ва асрори ҳаҷ, ба баёни аҳкоми фиқҳӣ ва зоҳирии ин аъмол мепардозад, аммо на дар ҳадде, ки муфтиёнро хурсанд созад, бал ба андозае, ки “муридон”-ро ба кор ояд. (1/146) Ва аз он бештар ба асрори ботинӣ ва маъонии ниҳонии онҳо рӯй мекунад, ки кутуби фиқҳӣ одатан аз онҳо тиҳӣ аст. Осонгирии Ғаззолӣ дар аҳкоми зоҳирӣ ва муъаттал намондан дар онҳо ва муқаддима донистани онҳоро дар “Китоби асрори таҳорат” ба вузуҳ метавон дид.
Китоби асрори таҳорат
Вай дар таҳорат 4 мартиба мебинад: мартибаи аввал, татҳири бадан аз наҷосот. Мартибаи дуввум, татҳири андомҳо аз гуноҳон. Мартибаи севвум, татҳири дил аз хӯйҳои нопок. Мартибаи чаҳорум, татҳири сирр (дарун) аз мосиваллоҳ (ғайри Худо), ки таҳорати паёмбарон ва сиддиқон аст. Ва дар ҳар як аз ин маротиб, таҳорат ниме аз амал аст.
Вай он гоҳ ба баёни аҳволи “кӯрдилон”-е мепардозад, ки аз таҳорат ҷуз мартибаи нахустро намефаҳманд ва ҳамаи умри худро дар шустани ҷома ва талаби обҳои ҷорӣ ва васвос дар амри таҳорат мегузаронанд. Ва чун аз тафаққуди аҳволи қалб оҷизанд ва ба сира ва сунани мусалмонони нахустин ҷоҳиланд, кори худро матлуби шореъ ва муқтазои шаръ мепиндоранд ва намедонанд, ки “Умар разияллоҳу анҳу бо ҳамаи мақоми волое, ки дошт, аз кӯзаи зане насронӣ вузӯ гирифт ва ҳатто мусалмонони нахустин дасташонро аз чарбӣ ва ғизо намешустанд, балки ангуштони худро бо кафи поҳошон пок мекарданд ва ушнон (1)-ро аз бидъатҳо мешумурданд ва дар масоҷид ва замини бефарш намоз мехонданд ва дар кӯчаҳо побараҳна роҳ мерафтанд… Ва дар истинҷо ба санг иктифо мекарданд…” (1/125-127) Бале он гуна васвосҳо ва диққатварзиҳо барои “баттолин” некӯст, чаро ки агар вақти худро сарфи он накунанд, ба корҳои ботил ва носавоб хоҳанд пардохт, аммо аҳли илм ва амалро шоиста нест, ки вақти худро, ҷуз ба қадри ҳоҷат, масруфи он кунанд. (1/127) Ва аз ин рӯ агар шахси олиме бибинад, ки шахсе оммӣ ҳозир аст, ки ҷомаи ӯро аз сари эҳтиёт ғусл диҳад, беҳтар аст он корро ба ӯ бисупорад, то ҳам ӯ ба кори хайре машғул шавад ва нафси амморааш ӯро ба бадӣ фармон надиҳад ва ҳам олим ба коре ашраф ва афзал бирасад “ва бо ин масал, бояд назоири онро ҳам фаҳмид ва донист, ки амалеро бар амали дигар чӣ гуна бояд бартарӣ ниҳод”. (1/127-128)
* * *
(1) Ушнон: гиёҳе шӯр ва хушбӯ барои шустушӯи даст ва либос.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Идома дорад…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн