Як хабарнигори англис: “Расонаҳои ғарбӣ дар бораи номаҳбуб будани Раисӣ дурӯғ гуфтаанд”

Як хабарнигори англис: “Расонаҳои ғарбӣ дар бораи номаҳбуб будани Раисӣ дурӯғ гуфтаанд”

Ахбори байналмилал

Ричард Медҳорст, хабарнигори Independent, ҳузури густарда ва пуршӯри мардумӣ дар маросими имрӯзи ёдбуди шаҳид Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар Теҳронро хатти бутлоне бар дурӯғҳои расонаҳои ғарбӣ дар бораи раиси ҷумҳури маҳбуби Эрон хонд.

Вай дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт:

“Он чи расонаҳои ғарбӣ дар бораи номаҳбуб будани Раисӣ дар Эрон гуфтаанд, дурӯғ аст. Даргузашти ӯ зойеае барои ҳамаи ҷаҳон аст.”

Медҳорст, бо интишори тасовире аз ҳузури густардаи мардумӣ ва бо ишора ба ҳузури мақомоти хориҷӣ дар маросими имрӯз дар Теҳрон, дар бораи мушоҳидоташ навишт:

“Дар маросими ташйеи раиси ҷумҳур Раисӣ дар Теҳрон ҳузур дорам. Миллионҳо нафар дар хиёбонҳо ҳастанд.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тасмими Ирланд, Нурвеж ва Испониё барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин
Раҳбари Эрон дар дидори Исмоил Ҳания: “Ваъдаи илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ хоҳад шуд”

Матолиби пурбоздид