Палидтарини палидҳо
Ёддоште аз Устод Насибуло Умаров
Бовар доштан ба Худо неъмати боарзишест, ки на ҳар касе шоистагии онро дорад.
Ин неъмати бузург барои касоне арзонӣ мешавад, ки зарфият ва истеъдоди қабулашро дошта бошанд.
Нишонаи равшани ин зарфият ва истеъдод АҚЛОНИЯТ ва АНДЕША аст.
Касе, ки аз АҚЛОНИЯТ ва АНДЕША маҳрум бошад, ба ҷои неъмати ИМОН, ба балое, ки номаш РИҶС=ПАЛИДӢ аст, гирифтор хоҳад шуд.
Оё палидтар аз террористи инсонкуш вуҷуд дорад?!
Оё дар миёни палидҳо, палидтар аз касе ҳаст, ки пушти номи Худо пинҳон шавад ва инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонад?!
Ва барои ҳеҷ кас [мумкин] нест имон оварад, магар ба хости Худо ва [Худо] палидиро бар касоне, ки намеандешанд, қарор медиҳад. (Сураи Юнус, 100).
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устоди Насибулло Умаров
Қаламонлайн