Қудс анқариб озод хоҳад шуд

Таҳлили хабарӣ

 

Қудс анқариб озод хоҳад шуд

Ёддоште кутоҳ аз Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қудс, ҳудуди 100 сол зери ишғоли салибиҳо буд, дар хилоли ин муддат, хеле аз мусалмонҳо ноумед шуда буданд; фикр мекарданд, дигар Қудс ҷузъе аз қаламрави масеҳиҳост чунонки имрӯз хелеҳо гумон мекунанд, ки пайкор ва мубориза бо саҳюнистҳо бефоида аст ва Қудс ҷузъе аз қаламрави “Исроил” аст.

Аммо як шумори андак аз мусалмонон ҳаргиз ба худ ноумедӣ роҳ надоданд ва мубориза карданд, мубориза карданд ва мубориза карданд ва ба ҳарфи ину он аз шикастхӯрдаҳо абадан таваҷҷӯҳ накарданд ва саранҷом ба раҳбарии Салоҳуддин Аюбӣ, ин султон ва имоми шуҷоъ, Қудсро аз ишғоли салибиҳои хуношом озод карданд ва сулҳу осоиш бар Фаластин ҳоким гардид ва масеҳӣ ва мусалмон ва яҳудӣ бо ҳам зиндагии мусолиматомезро аз сар гирифтанд.

Ин бор ҳам чунин хоҳад шуд! Мусалмонони озода ва азиз ва сарбаланд, ҳаргиз ноумед намешаванд, балки бо такя бар Худои қодиру тавоно мубориза мекунанд, бо камтарин имконот.

Мусалмонони озода ҳаргиз ва абадан вақти гаронмояи худро бо даъвоҳо ва кашмакашҳои бемаънии мазҳабӣ талаф намекунанд. Асосан, мазҳаби онҳо аз мазҳаби тангназарон ва мазҳабзадаҳо ҷудост; мазҳаби онҳо мазҳаби озодагист, сарбаландист, иззат аст, ки дар саффашон суннӣ ҳам ҳаст, шиъа ҳам ҳаст, зайдӣ ҳам ҳаст, сӯфӣ ҳам ҳаст ва ғайра.

Ва аммо дар саффи муқобил, ки ҳамеша корашон даъво ва кашмакаш аст, як мушт афроди кинаварз, ки дарунашон мутаъаффин аст, ки бӯйи саги мурда аз он ба машом мерасад қарор доранд, ки байнашон шиъа ҳам ҳаст, суннӣ ҳам ҳаст, сӯфӣ ва ғайра ҳам ҳаст.

Қудс, иншоаллоҳ анқариб озод хоҳад шуд ва ҳамаи мо дар он намоз хоҳем хонд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сонсури хабарҳои Исроил
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳар гурӯҳе бо Исроил мубориза кунад, мо пушти сараш ҳастем

Матолиби пурбоздид