Ҳамалоти ҷадиди Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи режими саҳюнистӣ
Ахбори байналмилал
Irna
Ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии ҷадиди муқовамати исломии Лубнон ба Исбаъ ал-Ҷалил ва пойгоҳи низомии саҳюнистҳо дар Кирёт-Шмона, хасороти сангине ба саҳюнистҳо ворид кард.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз Алмаёдин, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз ҳамлаи мушакии ҷадиди Ҳизбуллоҳ ба шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.
Шаҳраки саҳюнистнишини Кафор-Юол дар Исбаъ ал-Ҷалил дар марзи Лубнон ҳадафи ҳамлаи мушакии муқовамати исломии Лубнон қарор гирифта ва хасороти сангине барҷой гузоштааст.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподии муқовамати исломии Лубнон ба як пойгоҳи низомӣ дар Кирёт-Шмона дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд: “Мушаки ҳидоятшаванда ё паҳпод як пойгоҳи низомии артиши Исроилро дар Кирёт-Шмона ҳадаф қарор додааст.”
Irna
Қаламонлайн