Ҳамлаи дубораи Омрико ба хоки Яман

 

 

Ҳамлаи дубораи Омрико ба хоки Яман

Ахбори байналмилал

Alalam

Фармондеҳии Ситоди марказии Омрико (CENTCOM) бомдоди шанбе (27 январ) эълом кард, ки ҳамлае ба як маҳалли партоби мушак мутаъаллиқ ба Ансоруллоҳи Яман анҷом додааст.

Ба гузориши Алъолам, CENTCOM дар баёнияе хотирнишон кард: “Ҳудуди соат 3:45 дақиқаи субҳи 27 январ нерӯҳои Фармондеҳии марказии Омрико ҳамлае ҳавоӣ алайҳи як мушаки зидди киштии Ҳусиҳо (Ансоруллоҳ), ки ба тарафи баҳри Сурх нишонагирӣ шуда ва омодаи партоб буд, анҷом доданд.”

Ин баёния меафзояд, нерӯҳои омрикоӣ ин мушакро “таҳдиде онӣ” барои киштиҳои тиҷорӣ ва новҳои омрикоӣ дар минтақа қаламдод карданд.

Санъо, ҳамалоти Омрико-Ангилисро талоше барои мунсариф кардани Яман аз ҳимоят аз Ғазза ва ҷилавгирӣ аз амалиёти дарёии он медонад, ки ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳусӣ, яке аз аъзои Шӯрои олии сиёсии Яман, муҳаққақ нашуда ва нахоҳад шуд.

Яман пеш аз ин ба Омрико ҳушдор дода буд, ки ба таҷовузгарӣ ва ҳамалоти ин кишвар посух хоҳад дод. Дар ҳамин иртибот артиши Яман шомгоҳи чаҳоршанбе бо судури баёнияе хотирнишон карда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо теъдоде новшикан ва нови ҷангии Омрико дар халиҷи Адан ва тангаи Бобулмандиб даргир шуда ва нови ҷангии ин кишварро мустақиман ҳадаф қарор доданд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ин баёния эълом кард: “Рӯзи чаҳоршанбе дар пайи ҳимояти Омрико аз ду киштии тиҷории ин кишвар, бо новшиканҳо ва новҳои ҷангии Вошингтун дар халиҷи Адан ва Бобулмандиб даргир шудем.”

Вай афзуд: “Дар натиҷаи ин даргирӣ, як нови ҷангии Омрико мустақиман ҳадаф қарор гирифт ва ду киштии тиҷорӣ аз минтақа дур шуданд.”

Alalam

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сабри зан дар баробари бадахлоқии шавҳар
Чанд кишвари ғарбӣ иқдоми Эрон дар партоби моҳвораро маҳкум карданд

Матолиби пурбоздид