Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба пойгоҳи низомии Исроил
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба пойгоҳи низомии Карам Абусолими Исроил
13 низомии саҳюнист кушта ва захмӣ шуданд
Ахбори байналмилал
Alalam
Ҳамлаи мушакии Ҳамос, (якшанбе, 5 май) ба пойгоҳи низомии Карам Абусолими Исроил, ба кушта шудани дастикам 3 низомии исроилӣ ва захмӣ шудани 10 нафари дигар мунҷар шуд.
Ба гузориши Алъолам, манобеи амниятӣ ва майдонӣ эълом карданд, дар ҳамлаи мушакии Ҳамос ба пойгоҳи низомии Карам Абусолими Исроил дастикам 3 низомии исроилӣ кушта ва 10 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, дар ин ҳамла як пойгоҳи тозатаъсис дар шарқи пойгоҳи Карам Абусолим ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳадафи муқовамат аз ин амалиёти мушакӣ, ҳадаф қарор додани маркази мудирияти ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба устони Рафаҳ дар борикаи Ғазза аст, ки аз ду ҳафта пеш таъсис шуда буд ва шуморе аз женеролҳои исроилӣ ва афсарони Шобок дар онҷо ҳузур доштанд.
Манобеъи мазкур хотирнишон карданд, ки нерӯҳои ишғолгар ба сабаби идомаи ҳамалот, куштаҳо ва маҷрӯҳони худро як соат раҳо карда буданд.
Пеш аз ин, манобеъи исроилӣ эълом карда буданд, ки дар ҳамлаи мушакии имрӯз ба пойгоҳи Карам Абусолим дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ, дастикам ду низомии исроилӣ кушта шуданд.
Ин манобеъ ҳамчунин аз захмӣ шудани шуморе дигар дар ин ҳамла хабар дода буданд.
Ба дунболи ин ҳамла, чанд болгарди режими саҳюнистӣ барои ҷо ба ҷоии куштаҳо ва маҷрӯҳон дар ин минтақа ба замин нишаст.
Маҷрӯҳон ба бемористон мунтақил шуданд.
Қабл аз ин гурдонҳои Қассом эълом карда буд, ки дар амалиёти муштарак бо гурӯҳи Қудс пойгоҳи исроилии Карам Абусолимро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: