Ҳамлаи мушакӣ аз хоки Лубнон ба Исроил

Ҳамлаи мушакӣ аз хоки Лубнон ба Исроил

Ахбори байналмилал

Irna

Манобеи хабарӣ аз партоби чанд фарванд мушак аз хоки Лубнон ба Алҷалил дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши Ирно

Ба нақл аз шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ, чанд фарванд мушаки зидди зиреҳӣ аз хоки Лубнон ба самти минтақаи ишғолии Алҷалили Аъло партоб шуд.

Манобеи хабарӣ аз вуқӯи оташсӯзӣ дар минтақаи исобати мушак хабар доданд.

Дақоиқе пеш низ шабакаи Алҷазира аз ба садо даромадани ожирҳои хатар дар Суфо ва Ҳулит дар ҷануби Ғазза хабар дод.

Рӯзи гузашта низ муқовамати исломии Лубнон эълом кард, ки худрави зиреҳии артиши режими саҳюнистиро дар пойгоҳи низомии Алмоликия дар шимоли Фаластини ишғолӣ бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор додааст.

Муқовамати исломии Лубнон таъкид кард, ки дар ин амалиёт ин худрав ба оташ кашида шуд ва сарнишинони он кушта ва захмӣ шуданд.

Бо оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тавассути гурӯҳҳои муқовамати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргарм кардани бахши умдае аз низомиёни саҳюнист дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовамат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.

Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ борҳо эътироф кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши режими Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст.

Irna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаи торих
Расонаҳои исроилӣ: Ҳалокати 711 нерӯи исроилӣ аз замони вуруд ба Ғазза

Матолиби пурбоздид