Ҳаниа: “Ҳамос ҳаргиз тавофуқе, ки амнияти миллати Фаластинро тазмин накунад, нахоҳад пазируфт”

Ҳаниа: “Ҳамос ҳаргиз тавофуқе, ки амнияти миллати Фаластинро тазмин накунад, нахоҳад пазируфт”

Ахбори байналмилал

Alalam

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос таъкид кард, ки душмани саҳюнистӣ ба ҷиноёт дар ҳаққи миллати Фаластин идома медиҳад ҳамон гуна, ки ҳамакнун дар Насирот ва Дайр ал-Балаҳ ҷиноят дар ҳаққи фаластиниён ҷараён дорад.

Ба гузориши Алъолам, Исмоил Ҳаниа изҳор дошт, ки ҳамаи дунёи режими саҳюнистиро дар листи қотилони кӯдакон қарор додааст, аммо аз таваққуфи наслкушии ин режим дар навори Ғазза оҷиз ва нотавон аст.

Ҳаниа гуфт, миллати Фаластин ҳаргиз таслим нахоҳад шуд ва муқовамат ва ба дифоъ аз ҳуқуқи ин миллат дар баробари режими ҷинояткор идома хоҳад дод.

Вай таъкид кард:

“Агар душмани саҳюнистӣ гумон мекунад, ки метавонад гузинаҳо ва хостаҳои худро бо зӯр бар мо таҳмил кунад, комилан таваҳҳум задааст.”

Исмоил Ҳаниа хотирнишон кард, ки Ҳамос ҳаргиз ҳеч тавофуқеро, ки қабл аз ҳар чиз амниятро барои миллати Фаластин ба армуғон наоварад нахоҳад пазируфт.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар ниҳоят ҳарфи ростро бар забон оварданд
Чӣ гуна хашму асабонияти кӯдаконро мудирият кунем?

Матолиби пурбоздид