Ҳикояте аз Анушервони Одил

Адаб
Ҳикояте аз Анушервони Одил
Танзи рӯз
Овардаанд, ки Анӯшервони одилро дар биҳишт андӯҳгин бидиданд. Фариштагон рӯ ба ӯ карданд ва пурсиданд:
– Шаҳриёри додгарро чӣ шуда, ки андӯҳгинаш мебинем? Биҳишт ҷойи шодмонӣ бошад ва ҳасаби қоиъда, биҳиштиён шодмон бошанд, на ғамгин.
Шаҳриёр фармуд:
– Андӯҳи ман на бад-ин сабаб бошад, ки дар биҳишт ва дар ҷивори раҳмати Ҳаққам, балки гуфтор ва рафтори шуморе аз заминиён аст, ки озорам медиҳад.
Пурсиданд:
– Он заминиён кӣ бошанд ва ҳазрати Шаҳриёр дар рафтори онҳо чӣ бидидааст, ки хотири ӯро озурда карда?
Анӯшервон гуфт:
– Шуморе аз дарбориёни як ҳокими ситампеша, аз барои мондан бар мақоме ночизи дунявӣ ва аз рӯйи чоплусӣ ва тамаллуқ ба ин ҳоким, номи маро ба забон биёварданд ва ин ҳокими ситамгарро ба ман ташбеҳ ва рафтор ва кирдорҳои нораво ва золимонаи ӯро адлу дод биномиданд. В-он гаҳе бисёре аз мардумони ин диёр, ки Анӯшервонро намешиносанд, пеши худ бигӯянд, агар Анӯшервон шабеҳи ҳокими мо бошад, пас сад нафрин бар ӯ ва бар ҳафт пушти ӯ, ки золим ва ситамгар ва хуношом будааст!
(Кашкули Миёнҷӣ, ба нақл аз сафҳаи фесбуки Сайидюнуси  Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Русия НАТО-ро ба унвони як ниҳоди байналмилал намешиносад
СММ давлати Толибонро ба расмият нашинохтааст

Матолиби пурбоздид