Ҳикояте воқеӣ ва бисёр ҷаззоб аз Мавлоно Сайидзуфархони Ҷавҳарӣ
(Ин ҳикоят дар бораи як тӯй аст, ки дар оғози барпоии ҳукумати Шӯравӣ дар Қистакӯзи Хуҷанд баргузор шуда ва поёни бисёр ғамангезе доштааст)
Таърихи афтодани ҷар дар Қистакӯз
Ин номаи ҳайрат ва воқеаи ибрат, яъне баёни афтодани ҷар ва мурдани чанд адад зану духтар дар мавзеъи Қистеваз дар мавриди як тӯй:
З-ин базм, ки Қистеваза гулзори тараб шуд,
Шӯре аҷаб аз мулки аҷам то ба араб шуд.
Гул кард гули тӯй ба афсуни тамошо,
Марду зани ин ҷо ҳама ҳангоматалаб шуд.
Ороста чун моидаи ҳусн ба ҳар сӯ,
Аз пистаю бодоми тару себу рутаб шуд.
Ҳар дида аз он моида лаззаткаши дилхоҳ,
Ҳар соғари табъе зи майи айш ба лаб шуд.
Азбаски зану мард чу мижгон ба ҳам орост,
Паҳлӯ ба худ омад агар аз рост ба чап шуд,
Он ҷо, ки ҳама ҳез буд аз шавқи арӯсон,
Тимсоли руҷулияту (1) симои рағаб (2) шуд.
Бебокии ин ишвагарон хуни ҳаё рехт,
Бадномии исмат нигар аз бинти инаб (3) шуд.
Фитрат ба талофӣ заду иффат ба табоҳӣ,
Мулло ҷияну хоҷа мубоҳиянасаб (4) шуд.
Мавлуди басар азми раҳи бепадарӣ кард,
Ойини хато пешаи арбоби ҳасаб (5) шуд.
Чун дид хирад ин ҳама, фарёд баровард,
К-ин тур хилофи раҳи султони араб (6) шуд.
Ғайрат ба зуҳур омаду қудрат алам афрошт,
Майдони тараб арсаи ҷавлони ғазаб шуд.
Айёри ҷаҳон фитнаву ошӯб баровард,
Солори қазо саҳнаи бозори адаб шуд.
Бишкаст фалак синаи ҷамъияти дилҳо,
Урганҷии сармаст ба бозори Ҳалаб шуд.
Ногаҳ зи миён ҳодисае кард, ҷунун пухт,
К-андар назари халқ ҷаҳон тира чу шаб шуд.
Яъне, ки зи таҳти қадами фирқаи нисвон (7)
Як лахт ҷар афтоду аз он шӯру шағаб (8) шуд.
Гаштанд дар он хок ниҳон гулбадане чанд,
К-аз ҳасраташон ҷисми ҷаҳон кӯраи таб шуд.
Дидам, ки саросема зане лангида мерафт,
Мегуфт: “Хазони гули гулдор, чӣ гап шуд?”
Гуфтам, ки туро қаҳба (9) дар ин ҷо кӣ талаб кард?
Аз хона бурун омаданатро чӣ сабаб шуд?
Эй абрӯи ту васмаи (10) найранг кашида,
Аз фитнаи ту маърака гирдоби қураб шуд.
Бебок бурун омадию пойи ту лангид,
Ин аст сазои сари ҳар зан, ки ҷалаб шуд.
Аз худ гила кун бо гули гулдор чӣ дорӣ,
К-аз шумии худ бар ту чунин рангу таъаб шуд.
Гар очасаге чанд бимурданд, чӣ афсус,
Рав парданишин шав, ки чӣ хуб шуд ва аҷаб шуд.
Он зан чу шунид ин сухани ноқулай аз ман,
Аз гуфта пушаймон бишуду музтару хаб шуд.
Аз баҳри чунин воқеа гӯ аз пайи таъдиб,
Дар дидаи ин анҷуман аз ҷониби Раб шуд.
Бе зоиду кам ибрати халқ омада таърих,
Сомони шумораш чу зи анҷоми адаб шуд.
* * *
Поварақӣ:
(1) Руҷулият: мардӣ.
(2) Рағаб: чизеро хостан, дар ин ҷо киноя аз иштаҳо, шаҳват.
(3) Бинти инаб: шароб, май.
(4) Мубоҳӣ: он ки қоил ба рафъи ҳукми ҳурмат аст.
(5) Арбоби ҳасаб: яъне соҳибони обрӯ ва эътибор.
(6) Султони араб: киноя аз ҳазрати Паёмбар (с).
(7) Нисвон: занҳо.
(8) Шағаб: барангехтани фитна ва шарро бар қавме.
(9) Қаҳба: ҷалаб, фоҳиша.
(10) Васма: ҳано.
Қаламонлайн
qalamonline.net













