Ҳикояти Ҷувайбар ва Зулфо

Таърих

Ҳикояти Ҷувайбар ва Зулфо

Ҳикоёти омӯзанда

Марде аз аҳли Ямома ба Мадина омад ва ислом овард ва исломаш хуб шуд. Яъне маорифи исломро фаро гирифт ва ба тарбияти исломӣ тарбият шуд. Исми ин мард Ҷувайбар буд. Марде буд кӯтоҳқад, бадшакл, сиёҳранг, фақир ва мустаманд. Ва чун касеро дар Мадина надошт, шабҳо дар масҷид мехобид. Ва дар ҳақиқат хонае ҷуз масҷид надошт.

Муддате дар масҷид буд. Кам-кам руфақое мисли худаш пайдо кард, яъне иддае дигар аз мусалмонон пайдо шуданд, ки онҳо ҳам мисли Ҷувайбар, ҳам фақир буданд ва ҳам ғариб. Ва ба дастури Расули Акрам, онҳо низ монанди Ҷувайбар муваққатан шабҳо дар масҷид ба сар мебурданд.

Тадриҷан иддаашон зиёд шуд. Аз тарафи Худованд дастур расид, масҷид ҷойи хобидан нест ва ҳатто дарҳое, ки аз хонаҳо ба сӯйи масҷид боз аст – ба истиснои дари хонаи Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро – ҳамаи дарҳо баста шавад, рафту омадҳо аз хонаҳо ба масҷид мавқуф шавад, фақат аз дарҳои маъмулӣ ба масҷид рафту омад бишавад, ки эҳтироми масҷид маҳфуз бимонад.

Расули Худо дастур дод, барои ин иддаи бехона ва фақир, соябоне дар гӯшае бизананд ва заданд. Ва онҳо дар зери он сақф ба сар мебурданд ва он ҷо Суффа хонда мешуд ва онҳо ҳам ба Асҳоби Суффа маъруф шуданд. Ҷувайбар яке аз Асҳоби Суффа буд. Расули Худо ва ҳамчунин соири мусалмонон ба онҳо муҳаббат мекарданд ва зиндагии онҳоро идора мекарданд.

Як рӯз Расули Акрам нигоҳе ба Ҷувайбар кард ва фармуд:

– Ҷувайбар! Чӣ қадр хуб буд, ки зан мегирифтӣ, ҳам эҳтиёҷи ҷинсии ту рафъ мешуд ва ҳам он зан кӯмаки ту буд дар кори дунё ва охират.

Гуфт:

– Ё Расулаллоҳ! Касе зани ман намешавад, на ҳасаб дорам ва насаб, на мол ва на ҷамол, кадом зан рағбат мекунад, ки зани ман бишавад?

Фармуд:

يا جويبر! إن الله قد وضع بالاسلام من كان في الجاهلية شريفا، وشرف‏ بالاسلام من كان في الجاهلية وضيعا، وأعز بالاسلام من كان في الجاهلية ذليلا

Яъне, Эй Ҷувайбар! Худованд ба сабаби ислом, арзишҳоро тағйир дод. Баҳои бисёр чизҳоро, ки дар собиқ пойин буд боло бурд ва баҳои бисёр чизҳоро, ки дар гузашта боло буд пойин овард. Бисёре аз афрод дар низоми ғалати ҷоҳилият мӯҳтарам буданд ва ислом онҳоро сарнагун кард ва аз эътибор андохт ва бисёре дар ҷоҳилият ҳақиру беарзиш буданд ва ислом онҳоро баланд кард.

فالناس اليوم كلهم أبيضهم وأسودهم وقرشيهم وعربيهم وعجميهم‏ من آدم، وإن آدم خلقه الله من طين

Яъне, имрӯз мардум ҳамон тавр шинохта мешаванд, ки ҳастанд. Ислом ба он чашм ба ҳама нигоҳ мекунад, ки сафеду сиёҳи қурашӣ ва ғайри қурашӣ ва арабу аҷам ҳама фарзандони Одаманд ва Одам ҳам аз хок офарида шуда.

Эй Ҷувайбар! Маҳбубтарини мардум дар назди Худо касе аст, ки мутеътар бошад нисбат ба амри Худо ва ҳеч кас аз мусалмонони муҳоҷиру ансор, ки дар хонаҳои худ ҳастанд ва зиндагӣ мекунанд, бар ту бартарӣ надоранд магар ба мизон ва миқёси тақво.

Баъд фармуд:

– Ҳаракат кун бирав ба хонаи Зиёд ибни Лабиди Ансорӣ, ба ӯ бигӯ, Расули Худо маро пеш ту фиристода, ки аз духтари ту, Зулфо барои худ хостгорӣ кунам.

Ҷувайбар ба дастури Расули Худо ба хонаи Зиёд ибни Лабид рафт. Зиёд аз мӯҳтарамини ансор ва аҳли Мадина буд. Дар он вақт, ки Ҷувайбар вориди шуд, иддае аз қавму қабилааш дар хонааш буданд. Иҷозаи вуруд хост. Иҷоза доданд ва ворид шуд ва нишаст. Рӯ кард ба Зиёд ва гуфт:

– Аз тарафи Расули Худо пайғоме дорам, онро маҳрамона бигӯям ё аланӣ?

Зиёд гуфт:

– Пайғоми Расули Худо мояи ифтихор ман аст, албатта аланӣ бигӯ.

Гуфт:

– Расули Худо маро фиристода барои хостгории духтарат, Зулфо барои худам. Ҳоло ту чӣ мегӯӣ? Бигӯ, то хабарашро барои пайғамбар бибарам.

Зиёд бо таъаҷҷуб пурсид, ки пайғамбар туро фиристода ба хостгорӣ?! Гуфт:

– Бале, пайғамбар фиристод. Ман, ки дурӯғ ба пайғамбар намебандам.

Гуфт:

– Охир расми мо ин нест, ки духтар бидиҳем ба ғайри ҳамшаънҳои худамон аз ансор. Ту бирав ва ман худам пайғамбарро мулоқот мекунам.

Ҷувайбар берун омад. Аз тарафе, фикр мекард ба он чи пайғамбар фармуда буд, ки Худованд ба василаи ислом тафохур ба қабоил ва ашоир ва ансобро аз байн бурда ва аз тарафе, ба сухани ин мард фикр мекард, ки гуфт, мо расм надорем ба ғайри ҳамшаънҳои худамон духтар бидиҳем. Бо худ гуфт, ҳарфи ин мард бо таълимоти Қуръон мубойинат дорад.

Ҳамон тавре, ки мерафт, оҳиста ин ҷумлаи аз ӯ шунида шуд:

والله ما بهذا نزل القرآن، ولا بهذا ظهرت‏ نبوة محمد

Ба Худо, ки таълимоти нозила дар Қуръон ин нест, ки Зиёд ибни Лабид гуфт. Пайғамбар барои чунин суханоне мабъус нашудааст.

Ҳамон тавр ки Ҷувайбар мерафт ва ин суханонро бо худ замзама мекард, Зулфо, духтари Зиёд ин ҳарфҳоро шунид. Аз падараш пурсид, қисса чӣ буда? Зиёд айни қазияро нақл кард. Духтарак гуфт:

– Ба Худо қасам, ки Ҷувайбар дурӯғ намегӯяд. Коре накун, ки Ҷувайбар баргардад пеши пайғамбар дар ҳоле, ки ҷавоби яъс (ноумедӣ) шунида бошад. Бифирист Ҷувайбарро баргардонанд.

Ҳамин корро карданд ва Ҷувайбарро ба хона баргардониданд. Худаш шахсан рафт ҳузури Расули Акрам ва гуфт:

– Падару модарам қурбонат! Ҷувайбар ҳамчу пайғоме аз тарафи ту овард ва охир мо расм надорем ҷуз ба куфъ ва ҳамшаън ва ҳамтабақаи худамон духтар бидиҳем.

Фармуд:

يا زياد، جويبر مؤمن والمؤمن كفو المؤمنة، والمسلم كفو المسلمة

Зиёд! Ҷувайбар мӯъмин аст ва марди мӯъмин куфъу ҳамшаъни зани мӯъмина аст ва марди мусалмон куфъ ва ҳамшаъни зани мусалмон аст. Бо ин хаёлот монеъи издивоҷи духтарат нашав. (Кофӣ, ҷ.5, с.340-341)

Зиёд баргашт ва қазоёро барои духтараш нақл кард. Зулфо гуфт:

– Ман бояд розӣ бошам ва чун пайғамбар ӯро фиристода, ман розиям.

Зиёд дасти Ҷувайбарро гирифт ва ба миёни қавми худ бурд ва тибқи суннати пайғамбар, духтари худро ба ин марди фақири сиёҳ дод. Чун Ҷувайбар хона надошт, Зиёд худаш хонае бо ҳамаи лавозим барояш таҳия кард ва орост, ба духтараш ҷиҳоз дод ва ӯро бо он ҷиҳоз ба хонаи шавҳар фиристод, ду даст либос ҳам барои худи Ҷувайбар фароҳам кард.

Вақте, ки Ҷувайбар вориди ҳиҷлаи арӯс бо он ташрифот шуд, дар руҳаш ҳолати ризоят ва шукргузорӣ нисбат ба зоти ақдаси аҳадият, ки ба воситаи ислом ин қадр ӯро азиз кард, пайдо шуд. Ҳолати шукру сипосгузорӣ ба даргоҳи Ҳақ он қадр шадид буд, ки ба гӯшае аз хона рафт ва то субҳ машғули розу ниёз ва шукру сипос буд. Як вақт мутаваҷҷеҳ шуд, ки дид, субҳ шуда. Он рӯзро ба шукрона, қасди рӯза кард. Се шабонарӯз дар ин ҳолати ваҷду сурури маънавӣ буд.

Кам-кам хонаводаи арӯс ба тардид афтоданд, ки накунад ин мард эҳтиёҷе ба зан надошта бошад. Қазоёро ба иттилоъи Расули Худо расонданд. Расули Акрам Ҷувайбарро хост ва ҷараёнро аз ӯ пурсид. Гуфт:

– Ё Расулаллоҳ! Вақте, ки вориди он хонаи васеъ бо фаршу асоси комил шудам ва духтаре зебо дар баробари худ дидам, ки ҳамаи онҳо ба ман таъаллуқ дошт, ба фикр афтодам, ки ман одами ғарибу фақире дар ин шаҳр ҳастам ва Худованд ин тавр ба василаи ислом ба ман тафаззул фармуд, хостам ба поси ин ҳама неъмат ин шабро то субҳ ба ҳоли ибодат ба сар барам. Фардояшро низ ба шукрона рӯза гирифтам. То се рӯз дар ин ҳол будам, ки шабҳо шукрона ибодат мекардам ва рӯзҳоро рӯза мегирифтам. Албатта аз ин ба баъд, назди хонаводаи худ хоҳам рафт.

(Манбаъ: Бист гуфтор, таълифи шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷоҳилият
Исроил марги худро наздик мебинад

Матолиби пурбоздид