Ҳодисаи Карбало (7)

Таърих
Ҳодисаи Карбало (7)
Аз ҷумалоти Имом Ҳусайн
Барои шинохти Имом Ҳусайн ва бузургии ӯ, кофист ба суханон ва ҷумлаҳо ва муноҷотҳои эшон таваҷҷӯҳ бишавад. Дар ин ёддошт, шаммае аз суханони он бузургвор ва муноҷотҳои ӯ оварда мешавад:
* * *
“Касоне Худоро ба умеди подош ниёйиш мекунанд, ин ибодати бозаргонон аст. Касоне ҳам, аз рӯйи тарс ӯро бандагӣ мекунанд, ин навъ бандагӣ, махсуси бардагон аст. Мардуме низ, Худоро аз боби сипоси неъматҳои ӯ ситойиш мекунанд, ин равиши озодагон аст.”
* * *
“Чӣ осон аст марге, ки дар роҳи расидан ба иззат ва эҳёи ҳақ бошад! Марги иззатмандона ҷуз зиндагии ҷовид ва зиндагии залилона ҷуз марги ҳамешагӣ нест.”
* * *
“Бахшандатарини мардум касе аст, ки дар ҳангоми қудрат мебахшад.”
* * *
“Касе, ки туро дӯст дорад, аз ту интиқод мекунад ва касе, ки бо ту душманӣ дорад, аз ту таърифу тамҷид менамояд.”
* * *
“Чизеро бар забон наёваред, ки аз арзиши шумо бикоҳад.”
* * *
“Ниёзи мардум ба шумо, неъматҳои Худо бар шумост, аз ин неъмат афсурда ва безор набошед.”
* * *
“Барҳазар бошед аз ситам кардан бар касе, ки ҷуз Худо касеро надорад!”
* * *
Марде назди Имом Ҳусайн омад ва гуфт: ман марде гунаҳкорам ва аз маъсият парҳез намекунам, маро панд ва андарз бидеҳ.
Имом Ҳусайн фармуд:
“Панҷ кор анҷом бидеҳ ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун:
Аввал, рӯзии Худоро махӯр ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.
Дуввум, аз вилоят ва ҳукумати Худо хориҷ шав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.
Севвум, ҷойеро пайдо кун, ки Худо туро набинад ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.
Чаҳорум, вақте Азроил барои гирифтани ҷони ту меояд, ӯро аз худ дур кун ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.
Панҷум, вақте маъмур ва молики ҷаҳаннам мехоҳад туро дар оташ биандозад, дар оташ нарав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.”
* * *
Фарозе аз муноҷоти Имом Ҳусайн:
“Худоё! Чӣ дорад он кас, ки туро надорад?
Ва чӣ надорад он кас, ки туро дорад?
Он кас, ки ба ҷойи ту, чизи дигареро писандад ва ба он розӣ шавад, мусалламан зиён кардааст…”
* * *
“Худои ман!
Хондамат, посухам гуфтӣ.
Аз ту хостам, атоям кардӣ.
Ба сӯйи ту омадам, оғӯши раҳмат гушудӣ.
Ба ту такя кардам, наҷотам додӣ.
Ба ту паноҳ оварадам, кифоятам кардӣ.
Худоё!
Аз хаймагоҳи раҳматат берунамон макун!
Аз остони меҳрат навмедамон масоз!
Орзуҳо ва интизорҳоямонро ба ҳирмон макашон!
Аз даргоҳи хешат моро марон!
Эй Худои меҳрубон!
Бар ман рӯзии ҳалолатро вусъат бибахш!
Ва ҷисму динамро саломат бидор!
Ва хавфу ваҳшатамро ба оромиш ва амният мубаддал кун!
Ва аз оташи ҷаҳаннам раҳоиям соз!”
* * *
“(Худоё!) Оё мавҷуде ғайри ту зуҳуре дорад, ки он зуҳур ва пайдоӣ дар ту набошад, то ӯ сабаби пайдоии ту шавад?
Ту кай аз назар пинҳонӣ, то ба далелу бурҳон мӯҳтоҷ бошӣ? Ва кай аз мо дур шудӣ, то осор ва махлуқот моро ба ту наздик созад? Кӯр бод чашме, ки туро набинад!..”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп дар ҳангоми суханронӣ, ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт
Ду се нуктаи ҷолиб аз Аҳмади Дониш

Матолиби пурбоздид