Ҷанги Ҳамос ва Исроил -дар воқеъ се ҷанг аст!

Таҳлили хабарӣ
Дарки моҳияти воқеии ҷанги Ҳамос ва Исроил; ин дар воқеъ се ҷанг аст!
(Тавсияи Томас Фридман ба Исроил ва Омрико барои мунзавӣ кардани Эрон)
Ёддошти Томас Фридман дар нашрияи New York Times
Ишора: Томас Фридман, сутуннависи рӯзномаи New York Times, таҳлилгар ва нависандаи сиёсии яҳудитабори омрикоӣ аст. Ӯ гароишҳои саҳюнистӣ дорад ва пинҳон ҳам намекунад. Фридман се бор барандаи ҷоизаи Pulitzer ба унвони сутуннависи ҳафтагии New York Times барои пӯшиши хабарии ҷанг дар Лубнон, ахбор ва таҳаввулоти Исроил ва таъсири ҷаҳонии теруризм шудааст. Ӯ матолиби зиёде дар мавриди умури хориҷӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, Ховари Миёна, ҷаҳонӣ шудан ва масоили зистмуҳитӣ навиштааст.
Инак, ёддошти Томас Фридман:
“Далели ин ки дарки ҷанги Ҳамос ва Исроил барои хориҷиҳо душвор мебошад он аст, ки се ҷанг ҳамзамон дар ҷараён аст:
1) ҷанг байни яҳудиёни Исроил ва фаластиниён;
2) ҷанг дар ҷомеаҳои исроилӣ ва фаластинӣ бар сари оянда;
3) ҷанг байни Эрон ва нерӯҳои ниёбатиаш бо Омрико ва муттаҳидонаш.
Як роҳкор вуҷуд дорад, ки ҷиҳати расидан ба мақсад, бароямон роҳкушо аст; роҳкоре, ки Бойден дар ҳоли иҷрои он аст. Ҳоло агар натавонад тамоми онро ба таври аланӣ баён кунад, мо бояд онро пеш бибарем ва он ин аст:
1) шикаст хӯрдани Ҳамос ва ҳамзамон то ҷойе, ки мумкин аст, бисёре аз ғайринизомиёни Ғазза дар амон боқӣ бимонанд;
2) маҳори Эрон;
3) бозгашти тамоми гаравгонҳо;
4) тақвияти Ташкилоти худгардони Фаластини дар каронаи Бохтарӣ бо мушорикати давлатҳои арабии миёнарав (ба истилоҳ, мӯътадил).
Ба нуктаи охир таваҷҷӯҳи вежае дошта бошед: Ташкилоти худгардони Фаластин санги бинои асосӣ барои пирӯзии нерӯҳои миёнарав (мӯътадил), ки хостори ҳамзистӣ бо Исроиланд аст. Ин санги бинои асосӣ барои эҳёи роҳи ҳалли ду давлат аст. Ин санги бинои калидӣ барои оддисозии равобит байни Исроил ва Арабистони Саудӣ ва ҷаҳони араб ва мусалмон аст. Ҳамчунин, ин санги бинои калидӣ барои эҷоди иттиҳод миёни Исроил, арабҳои миёнарав, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аст, ки метавонад Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатии он кишвар аз ҷумла Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ансоруллоҳро тазъиф кунад.
Ҳамон тавр, ки Омус Ҳорил, хабарнигори ҳавзаи низомии рӯзномаи Ҳооретс, рӯзи сешанбе навишт, Натонёҳу дар чанголи рости ифротии Исроил ва шаҳракнишинон гирифтор шуда; афроде, ки дар ҳоли ҷангидани ҳамаҷониба алайҳи фикри ҳузури Ташкилоти худгардони Фаластин дар Ғазза ҳастанд. Бинобар ин, Натонёҳу таҳти фишори шарикони сиёсии худ, ҳар гуна баҳс дар мавриди ин гузинаро мамнӯъ кардааст. Агар Натонёҳу асири вазъияти сиёсии худ шуда, Бойден бояд бисёр муроқиб бошад, ки асири Натонёҳу нашавад. Ин роҳе барои пирӯзӣ дар ин се ҷанг ба таври ҳамзамон нахоҳад буд…
Аввалин ва боризтарин маврид аз ин се ҷанги зикршуда, тозатарин даври набарди якқарнӣ байни ду қавми бумии яҳудӣ ва фаластинӣ бар сари як сарзамин аст, аммо акнун бо як печиш мувоҷеҳ шудааст: ин бор, тарафи фаластинӣ тавассути Ташкилоти худгардони Фаластин раҳбарӣ намешавад, ки аз замони Осло мутаъаҳҳид ба дастёбӣ ба роҳи ҳалли дукишварӣ бар асоси марзҳое буда, ки пеш аз ҷанги 1967 вуҷуд дошт, балки тавассути Ҳамос – як созмони исломгаро ва шибҳинизомӣ раҳбарӣ мешавад, ки хостори решакан сохтани Исроил аст.
Алорағми он ки тардиде надорам, ки поён додан ба ҳукумати Ҳамос дар Ғазза, чизе аст, ки ҳамаи режимҳои араби суннӣ ба ҷуз Қатар бе сару садо хостори он ҳастанд ва нобудии Ҳамос барои умед додан ба Ғазза ва исроилиҳо барои ояндаи беҳтар, амре зарурӣ мебошад, талошҳои ҷангии Исроил боиси машрӯъиятзудоӣ ва нопойдор шудани ҳимоят аз ин идея мешавад, магар он ки Исроил битавонад ин корро бо таваҷҷӯҳи бисёр бештаре нисбат ба ҷони ғайринизомиёни фаластинӣ анҷом диҳад. Таҳоҷуми Ҳамос ва таҳоҷуми аҷулонаи Исроил дар Ғазза, фоҷеаи инсониро ба роҳ андохта, ки сирфан нишон медиҳад, Исроил то чӣ андоза ба як шарики қонунии фаластинӣ барои кӯмак ба идораи Ғазза дар субҳи рӯзи пас аз пирӯзӣ бар Ҳамос ниёз дорад!
Ҷанги дуввум, ки бисёр ба ҷанги аввал муртабит аст, мубориза дар миёни ҷомеаҳои фаластинӣ ва исроилӣ бар сари дидгоҳҳои баландмуддати онон аст. Ҳамос истидлол мекунад, ки ин як ҷанги қавмӣ-мазҳабӣ байни фаластиниён ва яҳудиён аст. Ва ҳадафи Ҳамос эҷоди як кишвари исломӣ дар тамоми Фаластин аз рӯди Ӯрдун то баҳри Медитарона мебошад. Дар нуқтаи муқобили Ҳамос, дар Исроил шаҳракнишинон бо дидгоҳҳои ифротии бартариталбонаи яҳудӣ, ки дар кобинаи Натонёҳу намояндагонӣ доранд, байни фаластиниёне, ки паймони Ослоро пазируфта ва касоне, ки Ҳамосро пазируфтаанд тамоюз ва тафовуте қоил намешванд. Онон ҳамаи фаластиниёнро наводагони имрӯзи Амолиқа медонанд. Амолиқа қабилае аз муҳоҷимони биёбонгард буданд, ки ағлаб дар китоби муқаддас ба онон ишора шуда, ки дар шимоли Нақаби имрӯзӣ дар наздикии навори Ғазза сукунат доштанд ва аз тариқи ғорат ва роҳзанӣ ба гузарони умр мепрдохтанд.
Пас шояд таъаҷҷубовар набошад, ки бархе аз шаҳракнишинони яҳудӣ ба соддагӣ наметавонанд сӯҳбат дар мавриди бозсозии шаҳракҳо дар Ғаззаро мутаваққиф кунанд. Онон Исроили бузургро аз рӯдхона то дарё (яъне Нил то Фурот) мехоҳанд. Натонёҳу аз ин аҳзоби рости ифротӣ ва барномаи онон барои ташкили давлати худ истиқбол кард ва акнун наметавонад ононро бидуни аз даст додани контрол ва қудрати худ аз кобина берун кунад. Бинобар ин, ин ба нафъи Иёлоти Муттаҳида ва тамоми нерӯҳои миёнарав (мӯътадил) аст, ки ҷойгузини ду давлатро эҳё кунанд. Ин амр мусталзими як Ташкилоти худгардони фаластинӣ аст, ки аз фасод ва таҳрикоти яҳудситезона дар китобҳои дарсӣ пок шуда ва дорои ҳукумат ва нерӯҳои амниятии қобили эътимод бошад. Ин ҷост, ки кишварҳое монанди Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳи Иёлоти Муттаҳида бояд фавран вориди амал шаванд. Ҳар гуна роҳи ҳалли дудавлатӣ бидуни Ташкилоти худгардони фаластинии мӯътабар ва машрӯъ, ки Исроил барои идораи Ғазза пас аз Ҳамос ва каронаи Бохтарӣ ба он эътимод дошта бошад, ғайримумкин аст. Бо ин вуҷуд, амалӣ шудани ин хоста сирфан мусталзими ризояти Исроил нест, балки фаластиниён низ бояд даст ба кор шаванд. Оё онон ҳозир ба ин кор хоҳанд буд?
Пирӯзӣ дар ҷанги севвум низ бидуни он ғайри мумкин аст. Он ҷанги севвум, ҳамон чизе аст, ки манро бештар метарсонад. Ин ҷанг байни Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатии он – Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ансороллуҳ ва шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқ алайҳи Омрико, Исроил аст. Ин ҷанг танҳо дар мавриди ҳежмунӣ (нуфуз), қудрати хом ва манобеъи энержӣ нест, балки дар мавриди арзишҳо низ мебошад.
Дар ҳоле, ки муттаҳидони араби Омрико ва Исроил кишварҳои демукротик нестанд ва орзуи табдил шудан ба демукросиро низ надоранд, раҳбарони онон ҳамагӣ дур аз мудели қадимии машрӯъиятсозӣ аз тариқи муқовамат дар баробари Исроил ва Омрико ҳастанд; муделе, ки мавриди ҳимояти Эрон қарор дорад.
Дар ин ҷанги севвум, ҳадафи Эрон берун рондани Иёлоти Муттаҳида аз Ховари Миёна, нобудии Исроил ва иръоби муттаҳидони араби суннии Омрико ва таҳмили иродаи худ бар онон аст.
Дар ин ҷанг, Омрико қудрати худро аз тариқи ду нови ҳавопаймобр, ки акнун дар Ховари Миёна мустақар ҳастанд, ба намоиш мегузорад. Дар ҳамин ҳол, Эрон бо он чи ман аз он таҳти унвони “новҳои заминӣ” ёд мекунам, дар ҳоли муқобила бо мо мебошад, яъне шабакае аз нерӯҳои ниёбатӣ дар Лубнон, Сурия, Ғазза, каронаи Бохтарӣ, Яман ва Ироқ, ки ба унвони саккуе барои ҳамлаи мушакӣ ба нерӯҳои омрикоӣ ва Исроил амал мекунанд.
Таҳқиқоти Дэн Бен-Давид, иқтисоддони исроилиро дар назар бигиред, ки риёсати Институти таҳқиқоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Донишгоҳи Телавивро бар ӯҳда дорад. Дар кишваре чун Исроил бо 9 миллион нафар ҷамъият, 21 дар сад аз донишомӯзони килоси аввалро яҳудиёни ортодкс ташкил медиҳанд, ки аксарияти қариб ба иттифоқи онҳо тақрибан бидуни таҳсилоти секулор бузург мешаванд ва 23 дар сади дигар арабҳои исроилӣ ҳастанд, ки ба таври музмин бо будҷаи заъиф ва персонали заъиф дар мадраса омӯзиш мебинанд. Бен Давид хотирнишон месозад, ки дар мадориси давлатии Исроил камтар аз 400 000 нафар масъули ҳифзи Исроил дар ҷаҳони тавсиаёфта ҳастанд.
Агар Исроил натавонад марзҳои пойдор ё хутути киштирониро ҳифз кунад, бархе аз ин 400 000 нафар муҳоҷират хоҳанд кард. Бен Давид мегӯяд: “Агар тӯдаи муҳимме аз онон тасмим ба хуруҷ аз Исроил бигиранд, паёмадҳои он барои Исроил фоҷеабор хоҳад буд. Аз ин гузашта, дар соли 2017, 92 дар сад аз кулли даромади молиёт бар даромад фақат аз 20 дар сад бузургсолон ҳосил шуд яъне аз тариқи он 400 000 нафар, ки масъули эҷоди моторҳои сарватт ҳастанд, ки ин 92 дар сади даромадро тавлид карданд.”
Дар он сурат, иштиҳои Эрон барои эъмоли фишор бар ҳар рақибе аз тариқи нерӯҳои ниёбатиаш афзоиш хоҳад ёфт. Исроил барои муқобила ба Эрон, ба муттаҳидоне – аз Иёлоти Муттаҳида ва НАТО гирифта то кишварҳои арабии миёнарав – ниёз дорад ва Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва кишварҳои арабии миёнарав, ба Исроил ниёз доранд. Агар Натонёҳу ба сиёсати худ мабнӣ бар тазъифи Ташкилоти худгардони Фаластин дар каронаи Бохтарӣ пойбанд бошад, чунин иттиҳоде шакл нахоҳад гирифт.
Бинобар ин, ман ёддоштамро аз ҷойе, ки шурӯъ кардам ба поён мебарам ва акнун умедворам се маврид комилан равшан бошад:
1) Бинои пирӯзӣ дар ҳар се ҷанг, Ташкилоти худгардони фаластинии миёнарав, муассир ва машрӯъ аст, ки метавонад ҷойгузини Ҳамос дар Ғазза шавад ва шарики фаъол ва қобили эътимоде барои роҳи ҳалли ташкили ду кишвар бо Исроил бошад ва дар натиҷа Арабистони Саудӣ ва соири кишварҳои мусалмони арабро қодир созад, то оддисозии равобит бо давлати яҳуд ва мунзавӣ кардани Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатиро тавҷеҳпазир созанд;
2) Эътилофи рости ифротии давлати Натонёҳу ва Ҳамос, аз анҷоми ҳар коре барои бозсозӣ, чӣ расад ба густариши нақши Ташкилоти худгардони Фаластин, ҷилавгирӣ мекунанд;
3) Исроил ва Омрико ба унвони ҳомиаш, то замоне, ки Натонёҳу дар мансаби нахуствазирӣ қарор дорад, наметавонанд як иттиҳоди минтақаии пойдор барои давраи пас аз Ҳамос эҷод кунанд.”
New York Times
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил кушта шудани фармондеҳи ҷанубии худро эълом кард
Бизан, ки хуб мезанӣ!

Матолиби пурбоздид