Ҷаҳонбинии исломӣ

Ҷаҳонбинии исломӣ

Бахши аввал

Мабоҳиси динӣ-иҷтимоӣ

Ҳамаи мо калимаи ҷаҳонбиниро шунидаем; бо як баён, ҷаҳонбинӣ ба маънои тафсири куллӣ аз ҳастӣ, нигоҳи куллӣ ва шинохти куллӣ аз ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Ҷаҳонбинӣ яъне як силсила эътиқодот ва назарияҳои куллии ҳамоҳанг дар бораи ҷаҳон ва инсон ва ба таври куллӣ дар бораи ҳастӣ.

Бо таваҷҷўҳ ба таърифи боло, метавон системаи ақидатӣ ва усулии ҳар динеро ҷаҳонбинии он дин номид.

Ду навъи ҷаҳонбинӣ

Вақте баъзе аз инсонҳо ба ҷаҳони ҳастӣ менигаранд, онро мавҷуди ҳадафдоре мебинанд, ки  дорои такягоҳ ва пуштибони бошуурест ва бар асоси мабнои хоссе бино ёфта ва назму ҳисобе дорад – ин навъи нигариш ба ҷаҳон ва ҷаҳонбиниро ҷаҳонбинии илоҳӣ мегўянд.

Бинобар ин, ҷаҳонбинии илоҳӣ ё динӣ, он навъи ҷаҳонбиние аст, ки бар асоси боварҳои инсон ба моварои табиат, ё ба истилоҳ қоил будан ба вуҷуди Худованд ва офаридгоре ғайр аз табиат барои ҷаҳони ҳастӣ шакл мегирад.

Дар муқобили ҷаҳонбинии илоҳӣ ё динӣ, нигариши дигаре бар ҷаҳони ҳастӣ таъриф шудааст ба номи ҷаҳонбинии моддӣ; ба ин маъно, ки баъзе аз инсонҳо фикр мекунанд ҷаҳони ҳастӣ на тарҳи қаблӣ дорад, на дорои тарроҳи бошуур аст ва на дорои ҳадафу ҳисоб. Ин дидгоҳ ва ин тарзи тафаккур, ҳамон гуна ки гуфтем, ҷаҳонбинии моддӣ номида мешавад. Ба иборати дигар, ҷаҳонбинии моддӣ бар асоси инкори боварҳои инсон ба моварои табиат ва вуҷуди Худованди офаридгор усутвор мебошад.

Пайравони ҷаҳонбинии моддӣ дар гузашта ба номҳои табиӣ, зиндиқ ва мулҳид номида мешуданд ва дар навиштаҳои муосир аз онҳо ба номҳои моддӣ ва материалист ёд мешавад.

Моддигарӣ шохаҳои зиёде дорад ва машҳуртарини онҳо дар асри мо материализми диалектик аст, ки асоси фалсафаи марксизмро ташкил медиҳад. (ниг. Омўзиши ақоид, Мисбоҳи Яздӣ, Теҳрон, Интишороти Амири Кабир, чопи ҳаждаҳум, соли 1384, саҳ.12.)

Нуктаи дигаре, ки дар бораи ҷаҳонбинӣ бояд гуфта шавад, ин аст, ки доираи истифодаи калимаи ҷаҳонбинӣ васеътар аз ақоиди динӣ аст, зеро ақоиди илҳодӣ ва моддигароёнаро низ дарбар мегирад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парҳезгорӣ ва тақвои илоҳӣ
Ҳамболи офтоб

Матолиби пурбоздид