Ҷомеа бар панҷ гурӯҳанд
Хутбаҳои Наҳҷулбалоға
Ҳазрати Алӣ дар хутбаи 32 “Наҳҷул-балоға” мардумро ба чанд даста тақсим мекунад ва мегӯяд:
“Эй мардум! Дар рӯзгори кинатӯз ва пур аз носипосӣ ва куфрони неъматҳо субҳ кардаем, ки некӯкор бадкор ба шумор меояд ва ситамгар бар зулму саркашии худ меафзояд. На аз он чи медонем баҳра мегирем ва на аз он чи намедонем мепурсем ва на аз ҳодисаи муҳимме то бар мо фуруд наояд, метарсем.
Дар ин рӯзгорон мардум 5 гурӯҳанд:
1) Гурӯҳе, агар даст ба фасод намезананд (на ба ин ҷиҳат аст, ки бо фасод миёнаи баде дошта бошанд ва нахоҳанд, балки) барои ин аст, ки руҳашон нотавон ва шамшерашон кунд ва имконоти молӣ дар ихтиёр надоранд;
2) Гурӯҳе дигар, онон, ки шамшер кашида ва шарру фасодашонро ошкор кардаанд, лашкарҳои пиёдаву савораи худро гирд оварда ва худ омодаи куштори дигаронанд. Динро барои ба даст овардани моли дунё табоҳ карданд, ки ё раис ва фармондеҳи гурӯҳе шаванд ё ба минбаре боло рафта хутба бихонанд. Чӣ бад тиҷорате, ки дунёро баҳои ҷони худ бидонӣ ва бо он чи ки дар назди Худост иваз намоӣ!
3) Гурӯҳи севвум, бо аъмоли охират дунёро металабанд ва бо аъмоли дунё дар пайи касби мақомҳои маънавии охират нестанд, худро кучак ва мутавозеъ ҷилва медиҳанд. Гомҳоро риёкоронаву кӯтоҳ бармедоранд, домани худро ҷамъ карда, худро монанди мӯъминони воқеӣ меороянд ва пӯшиши илоҳиро василаи нифоқу дурӯӣ ва дунёталабии худ қарор медиҳанд;
4) Ва гурӯҳи чаҳорум, ба иллати пастӣ ва зиллат ва ба сабаби набуди имконот, аз ба даст овардани қудрат маҳрум мондаанд, ки худро ба зевари қаноат ороста ва либоси зоҳидонро пӯшидаанд. Инҳо ҳаргиз дар ҳеч замоне аз шабу рӯз аз зоҳидони ростин набудаанд;
5) Дар ин миён, гурӯҳи андаке боқӣ мондаанд, ки ёди қиёмат чашмҳояшонро бар ҳама чиз фурӯ баста ва тарси растохез ашкҳояшонро ҷорӣ сохтааст, бархе аз онҳо аз ҷомеа ронда шуда ва танҳо зиндагӣ мекунанд ва бархе дигар тарсон ва саркӯбшуда ё лаб фурӯ баста ва сукут ихтиёр кардаанд, баъзе мухлисона ҳамчунин мардумро ба сӯйи Худо даъват мекунанд ва баъзеи дигар гирёну дардноканд, ки хештандорӣ онҳоро аз чашми мардум андохтааст ва нотавонӣ вуҷудашонро фаро гирифта, ки гӯё дар дарёи намак фурӯ рафтаанд, даҳонҳояшон маҷрӯҳ аст. Он қадр насиҳат карданд, ки хаста шуданд. Аз бас саркӯб шуданд, нотавонанд ва чандон, ки кушта доданд ангуштшуморанд.
Эй мардум! Бояд дунёи ҳаром дар чашмонатон аз пари коҳи хушкида ва туфолаҳои домдорон беарзиштар бошад. Аз пешиниёни худ панд гиред, пеш аз он ки ояндагон аз шумо панд гиранд. Ин дунёи фосиди накӯҳишшударо раҳо кунед, чун дунё муштоқони дилдодатар аз шуморо раҳо кард”.
Наҳҷулбалоға, хутбаи 32
Сомонаи Қаламонлайн