Ҷузъиёти сафари Қолибоф ба Қатар
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Тасним
Тибқи матни 14-моддаии ёддошти тафоҳум, манобеи блокшудаи Эрон (пулҳои масдудшудаи Эрон) бояд дар тӯли музокирот озод шавад, ки ин маблағ 24 миллиард доллар баровард шудааст.
Эрон таъкид дорад, ки нисфи ин маблағ бояд бо шурӯи эъломи ёддошти тафоҳум, дар дастрас қарор гирад ва бақия дар тӯли 60 рӯз мунтақил шавад.
Сафари Қолибоф ба Қатар ҳам барои тафоҳум дар бораи иҷроисозии ин мутолибаи Эрон ва наҳваи дастрасӣ ба 12 миллиард доллар дар гоми аввал ва рафъи мавонеъ будааст.
Ин манбаъ дар идома гуфт: Бо тавваҷӯҳ ба таҷрибаи тафоҳум бар сари озодсозии пулҳои Эрон дар Куреи Ҷанубӣ ва Қатар, таъкид бар ин буд, ки мароҳили иҷроӣ бо диққат пайгирӣ шавад, то ин таҷриба, муҷаддад такрор нашавад. Ба ҳамин далел бо истифода аз таҷрибаи навбати қабл ин сафар анҷом шуд, то ихтилоле дар дастрасӣ ба ин маболиғ пеш наёяд ва аз ин ҷанба сафар натоиҷи хубе дошт.
Ин манбаи наздик ба тими музокиракунанда, дар поён гуфт: Музокироти Қатар дар маҷмӯъ хуб буд ва мӯҷиби пешрафт дар музокироти куллӣ шуд. Дар ин ҳол набояд фаромӯш кард, ки Омрико ба унвони як тарафи бадаҳд шинохта мешавад ва аз ин ҷиҳат Эрон бо эҳтиёти фаровон ба масоил менигарад.
Ҳамчунин як манбаи мутталеи дигар дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар мабнӣ бар ин ки ин кишвар пуле барои замонати тафоҳумномаи Эрон ва Омрико намедиҳад, ба Тасним гуфт, ки ин изҳороти қатариҳо дар кул иштибоҳ нест, чаро ки манобеи (пули) мавриди гуфтугӯ дар Дуҳа, мутааллиқ ба Эрон аст ва рабте ба замонати тафоҳум надорад ва Эрон ба далели таҷрибаҳои қаблӣ бо диққати назар ва сахтгирии комил ба дунболи бозгашти ин манобеъ аст.
tasnimnews.ir
Қаламонлайн













