Абдусаттор Бобоев: Тамоми талоши худро барои озодии Абдулло анҷом медиҳем

Абдусаттор Бобоев: Тамоми талоши худро барои озодии Абдулло анҷом медиҳем

Ахбори минтақа

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гавравгонҳо – КШНГЗС таъкид кард: “Мо тамоми талоши худро барои озодии Абдуллоҳ ба харҷ хоҳем дод. Дастбардор нестем!”

Ба гузориши Azda.tv, мурофиаи аввали додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 28-уми марти соли 2023 дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардида, шоҳидон ва худи Абдуллоҳ мавриди суол қарор гирифтаанд.

Дар рафти мурофиа, Абдуллоҳ эътироф кардааст, ки “зери посте лайк гузоштааст ва дар кадом тазоҳуроте ширкат кардааст”.

Додрас имрӯз, 29-уми март ҳукми Абдуллоҳи Шамсиддинро содир карда, ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино бар гузориши Azda.tv, пештар аз ин Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар ҳисоби твиттериаш дар ин бора навиштааст, ки “то ҷое ба HRW маълум гашт, 28-уми март Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли сиёсӣ, ки ахиран аз Олмон ихроҷ шуда буд, метавонад дар Душанбе ба додгоҳ кашида шавад.”

Ҷаноби Виллиамсон ба далели набудани низоми мустақилли додгоҳӣ дар Тоҷикистон, аз нозирони байналмилалӣ даъват кардааст, ки дар мурофиаи Абдуллоҳи Шамсиддин ширкат кунанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле ба зиндон маҳкум мешавад, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон беш аз ду моҳ мегузарад, мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик ҷурмеро эълон накарда буданд ва низ дар боздошт нигоҳ доштани ӯро ягон ниҳоди қудратии кишвар ба дӯш нагирифтааст.

Дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз боздошти Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шудааст.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд.

Абдусаттор Бобоев: “Мо тамоми талоши худро барои озод ва раҳоии Абдуллоҳ ба харҷ медиҳем.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар сӯҳбате кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, бо ишора ба 7 соли ҳукми зиндони Абдуллоҳи Шамсиддин гуфт: “Маълум буд, ки ин бандаи Худоро зиндонӣ мекунанд, ҳатто ба касоне, ки эҳтимол медоданд, ки ба хотири ҳеч гуноҳ надоштани Абдуллоҳ ӯро озод мекунанд, гуфта будам, ки аз рӯи таҷруба, ба Абдуллоҳ аз 7 то 15 сол ҳукми зиндон содир мешавад”.

Бобоев афзуд: “Гуноҳи Абдуллоҳ аввалан ин ки писари Шамсиддини Саид аст, ки ин дар Тоҷикистон гуноҳ маҳсуб мешавад, инро набояд фаромӯш кард. Ва сониян, аз суханони Абдуллоҳ ва эътирофи ӯ ба лайк гузоштан зери як пост маълум мешавад яке аз “ҷурм”-ҳое, ки додгоҳ ба хотири он ӯро ба зиндон мефиристад, ин монадни лайк аст”.

Раиси КШНГЗС идома дод: “Бовар кунед, дар ҳеч ҷои дунё ба ғайри Тоҷикистон, ба хотири лайк мондан ҳеҷ касро зиндонӣ намекунанд. Ин аст беадолатӣ. Ҳоло ҳукумати Олмон, ки ӯро истирдод кардааст, пеши мардум ва виҷдонаш ҷавоб диҳад”.

Бобоев дар поён таъкид кард: “Мо тамоми талоши худро барои озод ва раҳоии Абдуллоҳ ба харҷ медиҳем. Ором ва хомуш нахоҳем буд!”

Zindoniyon.com

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳкоми рӯза – 2
Мамнуияти арзаи мошинҳои дизелӣ ва бензинӣ дар Аврупо

Матолиби пурбоздид