Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “мухолифон”-и Сурия кист?
Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ (Аҳмад Ҳусейн аш-Шаръа), раҳбари Ҳайати Таҳрири Шом (HTS), дар 1982 дар Сурия мутаваллид шуд. Ӯ дар ҷавонӣ ба гурӯҳҳои теруристӣ пайваст ва дар Ироқ дар канори Алқоъида ва дигар гурӯҳҳо фаъолият дошт. Вай аз наздик бо Абӯмисъаб аз-Зарқовӣ, саркардаи Алқоъида дар Ироқ иртибот дошт.
Фаъолият дар Сурия
Пас аз оғози ҷанги дохилии Сурия дар 2011, Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ аз Ироқ ба Сурия бозгашт ва дар соли 2012 Ҷабҳатун-нусраро таъсис кард. Ин гурӯҳ ба унвони шохае аз Алқоъида фаъолияти худро оғоз кард ва дар ҷанг алайҳи давлати Башшор Асад нақши муҳимме ифо кард.
Дар соли 2016, Ҷабҳатун-нусра равобити худро бо Алқоъида қатъ кард ва номи гурӯҳи теруристии худро ба Ҳайати Таҳрири Шом тағйир дод. Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ ҳамчунон саркардагии ин гурӯҳро бар ӯҳда дорад.
Ҷойгоҳ дар ҷанги Сурия
Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ ба унвони яке аз нерӯҳои калидии теруристӣ дар ҷанги дохилии Сурия шинохта мешавад ва нақши барҷаста дар таҳаввулоти шимоли Сурия ва бавежа дар Идлиб ифо кардааст.
Таҳрири Шом ба саркардагии Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ тавонистааст дар манотиқе монанди Идлиб ва инак Ҳалаб нуфуз ва контроли қобили таваҷҷӯҳе пайдо кунад ва ҳатто дар бархе маворид бо гурӯҳҳои дигар мухолифи давлати Сурия даргир шудааст.
Равобит ва идеулужӣ
Агарчӣ Таҳрири Шом худро аз Алқоъида ҷудо кардааст, аммо бисёре аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ ва гурӯҳаш ҳамчунон аз назари идеулужик ба усул ва аҳдофи теруристӣ наздик ҳастанд.
Иллати талоши Таҳрири Шом барои тасарруфи Ҳалаб
Ҳалаб яке аз қадимитарин ва таърихитарин шаҳрҳои Сурия аст. Вусъати калоншаҳри Ҳалаб ҳатто аз Димишқ (пойтахт) низ бештар аст. Фосила байни Ҳалаб то Димишқ, 350 километр аст.
Қаламонлайн