Азамати шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)

Таърих

Азамати шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)

Азамати шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро дар баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ

Таърихи зиндагии ин бузургвор, айнан, мунтабиқ бо таърихи рисолат аст; яъне андаке баъд аз рисолати Паёмбари Худо (дуруди Худо бар ишон ва хонадонаш бод) ин бузургвор тулуъ мекунад ва андаке пас аз реҳлати рисолат ва Пайғамбари Акрам ғуруб мекунад; яъне комилан зиндагияш бо даврони рисолат мунтабиқ аст.

Дар даврони кӯдакӣ машаққатҳои шиъби Абитолибро эҳсос ва дарк мекунад ва аз кӯдакӣ вориди майдонҳои душвори зиндагӣ мешавад ва модарро аз даст медиҳад, ки барои духтаре дар ин син бисёр душвор аст, аммо ӯ дар канори таҳаммули ин душворӣ кори бузургеро анҷом медиҳад ва он ғамгусории Пайғамбар аст. Пайғамбар, ки (пас аз муҳосира) ҳам Хадиҷаро ва ҳам ҷаноби Абитолибро аз даст дода, ниёз ба ғамгусор дорад ва ин духтар ғамгусори падар мешавад. Ин ғамгусорӣ ҳамин тавр идома пайдо кард то даврони Мадина ва дар Уҳуд ва дар Хандақ ва дар ҷоҳои бисёри дигар, ки он вақт Пайғамбар фармуд: Фотимату умми абиҳо; яъне барои падараш модарӣ кард.

Баъд, масъалаи ҳиҷрат, озмунҳои беназири даврони Мадина, ҳамсарӣ бо Алӣ ибни Абитолиб, ки як пояш дар хона ва пои дигараш дар майдони ҷиҳод аст – таҳаммули ин сахтиҳо – ва баъд тарбияти ин чаҳор фарзанди беназир дар даврони таърих, баъд ҳам додани аввалин қурбонӣ пас аз реҳлати Пайғамбар, писараш Муҳсин ва дар ниҳоят шаҳодати худи ӯ чанд моҳ пас аз Пайғамбар (дуруди Худо бар ишон ва хонадонаш бод).

Баёнот дар иртиботи тасвирӣ бо маддоҳон / 15/11/1399 ҳ.ш.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте ҳайбати Исроил мешиканад
Ниёиш

Матолиби пурбоздид